Саломи худро ба хонандагони гӯшаи “Номаҳо” мерасонам. Бонувони азиз, ман зани шавҳардору фарзанддор ҳастам. Муддати 27 сол аст, ки бахтамро ду нима кардаам. Яъне, шавҳарам дар муҳоҷират як ҳамватани худамонро зан карда, аз ӯ соҳиби ду бача шудааст.
Ман бошам, дар Ватан соҳиби чор фарзанд ҳастам. Солҳои аввали муҳоҷират шавҳарам маро ба назди худаш мебурд, вале дар хоначаи танги иҷораву мардуми бегона дилам танг шуда, ба Ватан баргаштам. Шавҳарам зуд-зуд занг зада, маро ба наздаш даъват мекарду мегуфт, ки бе зан истодан барояш бисёр мушкил аст.
Азбаски дигар ба Русия рафтан намехостам, иҷозат додам, ки шавҳарам зани дигар гирад. Баъди он ки шавҳарам зан гирифту соҳиби фарзанд шуд, ҷигарам хуну қалбам хуншор аст. Дар назди дӯсту душман худро хушбахт нишон медиҳам, аммо хушбахтии ман дурӯғ аст.
Аз кори кардаи худ сахт пушаймон шудаам, зеро тамоми дороии дунё назди бахт ҳеҷ арзише надоштааст. Бахте, ки аллакай ду қисм шудааст. Бароям хеле мушкил аст ин ҳамаро қабул кардан. Аммо чӣ илоҷ, худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.
З.