Ману шавҳарам бо хоҳиши волидайнамон оиладор шуд, қабл аз издивоҷ ҳамагӣ ду маротиба вохӯрда будем.
Баъди тӯй падарам барои ман хонаи алоҳида харид ва мо зиндагии муштаракро мустақилона оғоз намудем. Аз рӯзи аввали оиладоршавиамон маълум шуд, ки шавҳарам одати баде дорад.
Рафту хӯроки пухтаам шӯр ё тез шавад, ё ман ба ягон гапаш бо шӯхӣ гап занам, дарҳол қаҳру ароз карда, либосҳояшро ба сумка андохта, баромада ба хонаи падараш меравад.
Тавре рафтор мекунад, ки гӯё ман мард бошаму ӯ зан. Аз ин феълаш сахт ғамгин мегардам. Баъди қаҳр карданаш шавҳарам баъди 2 рӯз боз ба хона меояд.
Дар давоми 9 моҳи зиндагӣ аз чунин қаҳркуниҳои шавҳарам сахт хаста шудаам. Падарам мегӯяд, ки “наход мард қаҳр кунад, духтарам ҳоло, ки хомиладор нестӣ, сари вақт ҷудо шав”, аммо ман бахти аввал гуфта, қаҳру нози шавҳарамро тоқат карда истодаам.Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, бо марди қаҳркунак зиндагиро давом диҳам?
Хонандаи «Оила”