sebiston july new
ШАРҲИ ВАЗИРИ МАОРИФ ДОИР БА ТАҲСИЛИ ХОНАНДАГОН ДАР ШАРОИТИ ПАНДЕМИЯ
2845

Тавре пештар иттилоъ додем, имрӯз дар маҷлисгоҳи АМИТ "Ховар" нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар кори он вазир, муовинони вазир ва роҳбарони дигар зерсохторҳои Вазорат ширкат намуданд. Дар рафти нишаст масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва илми кшвар баррасӣ гардиданд.

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни суҳбат бо намояндагони ВАО эълон кард, ки имсол сар аз 17 август соли таҳсили 2020 - 2021 шурӯъ мешавад.

Сабаби барвақт оғоз шудани соли таҳсилро ҷаноби вазир ба таътили пеш аз муҳлати муҳассилин дар шароити пандемия рабт дод. "Зарурати моҳи август оғоз гардидани соли нави хониш имсол, ин пеш аз муҳлат ба таътил равон намудани хонандагони мамлакат аст, ки сабаби он эълон шудани пандемия мебошад".


М. ИМОМЗОДА: МАН ДАР ЯК ДАВРАИ МУШКИЛ БА САРИ ВАЗИФА ОМАДАМ


Инчунин, таъкид шудааст, ки ба сифати таҳсилот, азхудкунии барномаҳои таълимӣ, вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва вазъи таъминот бо китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи хос дода мешавад.

Хабарнигорон аз вазир пурсиданд, ки чӣ гуна дар шароити пандемия дар Тоҷикистон, ки дар як синф 35 нафар таҳсил мекунанд, қоидаҳои саниатрӣ, аз ҷумла ниқобу риояи фосила риоя хоҳанд шуд.

Имомзода ин масъаларо бисёр мубрам арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки таҷрибаи кишварҳои дигарро омӯхта истодаанд. Ӯ иқрор шуд, ки вазъияти Тоҷикистон мураккабтар аст, чун агар дар баъзе давлатҳо дар як синф 20 нафар таҳсил кунанд, дар Тоҷикистон 30 - 35 нафар дар як синф мехонад.

Вазир гуфт гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки бояд тартиби муайяни таҳсил дар шароити пандемияро таҳия ва рӯзҳои наздик пешниҳод кунад. Ӯ илова намуд, ки худаш низ ҳангоми сафарҳояш аз омӯзгорони ботаҷариба ва мудирони мактабҳо суол мекунад, ки чӣ бояд кард. Вазир илова кард, ки шояд дар баъзе ҳолатҳо гузашт карда шавад, аммо нагуфт, ки ин гузаштҳо дар кадом шакл сурат мегиранд.


ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БОЯД ИХТИСОСИ НАВИ СОҲАИ ОМӮЗГОРӢ РОҲАНДОЗӢ ШАВАД


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД