arzon replenishment
ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БОЯД ИХТИСОСИ НАВИ СОҲАИ ОМӮЗГОРӢ РОҲАНДОЗӢ ШАВАД
1392

Аксарият огоҳанд, ки чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх зада истодааст, ки кадом як блогери ношинос дар робита ба фанни таърихи халқи тоҷик дар кӯча назарсанҷӣ гузаронида, порае аз онро нашр кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки як духтар (маълум нест, ки хонанда аст ё донишҷӯ) ба саволи блогер дар мавриди ғолибияти Исмоили Сомонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва гузоштани муҷассамаи ин шоҳи Сомонӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки "агар И. Сомонӣ дар ҶБВ ғалаба ҳам намекард, ҳайкалашро мегузоштанд, чунки ӯ шоир буд".  Инчунин, мусоҳиб соли 1991 - ро давраи баргузории ҶБВ медонад.

Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми кишвар дар робита ба ин навор ва видеоҳои монанд ба ин ки аз тарафи журналистони блогерон дар кӯчаҳо гузаронида мешаванд, имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки як назарсанҷии сарироҳӣ наметавонад вазъи як соҳаи муҳими илмро бозгӯӣ кунад. "Дар кишвари мо омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқ зиёданд ва аксаран устодони барҷастаи соҳаанд. Як журналист ё блогер ба дарс худсарона медарояд ё дар кӯча хонандаву донишҷӯро нигоҳ дошта, савол медиҳад, набояд танҳо қисмати манфиашро нашр кунад. Баҳо бояд объективӣ ва ҳақиқӣ бошад".

Муаллима нақши Донишгоҳи омузгории кишварро дар самти тарбияи мутахассисони ин соҳа назаррас гуфт ва таъкид кард, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар заминаи факултаҳои таърих ва ҳуқуқшиносӣ бояд ихтисоси ҳуқуқшинос - омӯзгор ва таърих - омӯзгор ташкил карда шавад, "зеро талабот ба мутахассисони ин соҳа афзудааст, махсусан, баъд аз оне, ки дар барномаи таълимии мактабҳои миёна фанҳои "Диншиносӣ", "Ҳуқуқи инсон" ва монанди ин дохил карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД