Имрӯз дар маҷлисгоҳи АМИТ "Ховар" нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар кори он вазири маориф, муовинони вазир ва роҳбарони дигар зерсохторҳои Вазорат ширкат намуданд.
Дар рафти нишаст масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва илми кшвар баррасӣ гардиданд.
Зимни посух додан ба саволҳои хабарнигорон ва муқоисаи фаъолияти Вазорат дар давраи роҳбарии вазири пешин Нуриддин Саид ва вазири феълӣ Мухаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки дар давраи ниҳоят вазнин роҳбарии Вазорати маориф ва илмро бар уҳда гирифт.
Ҷаноби вазир танҳо як сабаби инро дар бурдану овардани донишҷӯёни дар кишварҳои хориҷӣ таҳсилдошта шарҳ дод ва гуфт, ки вазъияти пандемия ҳам ба фаьолияти Вазорат душворӣ овард.
Ҳамзамон, Мухаммадюсуф Имомзода роҷеъ ба таҳлил ва баҳодиҳии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Узбекистон изҳори назар намуда, онро рақобати носолим ва баҳодихии беасос гуфт. Бино ба қавли Имомзода таҳлилҳои кишвари ҳамсояи мо асоси вокеӣ надошта, дар майдони рақобат мусобиқаи носолим аст.
"Мо дар ин бора ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб фиристодем ва фаҳмонидем, ки ин таҳлилҳо асос надошта, рӯякиву сатҳианд".
Аз идора: Айни замон нишасти матбуотии Вазорати маориф ҷараëн дорад ва мухбири мо аз рафти он шуморо огоҳ карда меистад. Хабар такмил меёбад.