Навруз куҳантарин иди мардуми эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ куҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар руҳи тоза мебахшад. Сокинони деҳаи Пиши ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон мисли дигар бошандагони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иди дустдошта Наврузи Аҷамро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ва расуму суннатҳои наврузӣ истиқбол намуданд.
Аз субҳи барвақт кудакону наврасони деҳа ба бозиҳои Наврузӣ аз қабили арғунчакбозӣ, тухмшикан, хурусҷанг машғул буда, онро дар муҳити идона истиқбол намуданд. Лозим ба ёдовароист, ки дар айёми Навруз мардумон ҷашни баҳорро дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рудхонаҳо таҷлил менамоянд.Навруз пайвандгари насли имруз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Чашни Навруз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу руз дар баҳор мебошад. Ойину суннатҳои мардуми Бадахшонзамин дар айёми Навруз хондани сурудҳои тараннумгари баҳору Навруз ва рақсу сурудхонӣ мебошад, ки аз сокинони деҳаи Пиш ба хубӣ иҷро карда шуд. Аз субҳи барвақт занону духтарон ва мардон рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекарданд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию хурсандию шодмонӣ пешвоз гири, ҳамон сол пурра ба хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард. . Занҳову духтарон ва мардакҳову писарбачаҳо дар яке аз боғҳо ҷамъ омада, бо рубобу дафнавозӣ ба рақсу бозӣ машғул мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки мардуми Бадахшон як ҳафта пеш аз фарорасии Навруз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпаҳою пардахоро мешуянд ва хушбуй мезананд. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигири, хамон солро бо хушу хурсандӣ мегузарони. Баъди тоза кардани хона соҳибхоназан аъзои хонаводаро пешвоз мегирад, ки ин яке аз суннатҳои дигари Наврузи Бадахшон маҳсуб меёбад. Бонувони деҳаи Пиш аз давраҳои пеш расму ойини аҷдодиро ба хубӣ нигоҳ дошта, онро ба насли оянда интиқол медиҳанд. Ин аст, ки дар ҷашни Навруз сокинони деҳаи Пиш тамоми ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузошта, онро шарҳ доданд. Ҳамчунин асбобҳои қадимаи мусиқӣ , ки аксари онҳоро дар иду ҷашнҳо ва марсимҳо истифода мебаранд, аз ҷониби як ҳунарманди асили ин деҳа омода шуда, дар ҷашни Наврузӣ пешкаш гардонида шуд. Хурокҳои анъанавии Наврузӣ аслан ғизоҳоянд, ки аз ғалладона пухта мешаванд. Хурокҳои гандумӣ рамзи фаровонии сол ва ғизои солимро ифода мекунад. Дар дварони қадим хўрокҳои Наврузӣ асосан аз маҳсулоти сафед-хурокҳои аз ширу биринҷ омода мегардад.
Русуми дигари Наврузӣ ин идгардак ё худ ба истилоҳи шуғнонӣ «Килогузгуз» мебошад, ки дар деҳаи Пиш хуб ба назар расид.
Дар таҷлили ин ҷашни бошукуҳ дар деҳаи Пиш бегоҳӣ аз ҷониби кудакону наврасон баррномаи Наврузӣ пешкаши сокинону меҳмонон гардонида шуд.