Як мард мехост бо усули “шантаж” аз як зан пул ситонад, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Спутник” дар истинод ба ВУД.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, бо зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур рафту омади дӯстона дошта, бо роҳи иъроб (шантаж) таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид ба алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш расонида, ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.
Гуфта мешавад, номбурда, дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллари амрикоӣ дастгир гардид.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати тамаъҷӯйӣ бо усули “шантаж” набуда, қаблан низ вазорат аз чунин ҳолату боздоштҳо хабар дода буд.