Sebiston new 2024 october
Шакароб ва икраи зимистонаро чӣ тавр омода мекунанд?
1797

                Шакароб барои захираи зимистон

Маҳсулоти лозима:

Помидор – 20 кг

Балгарии сабзу сурх – 5 кг

Пиёзи сурхи хурд – 5 кг

Капуст ( миёна) – 2то

Сирпиёз – 4 дона

Кабудӣ ( гашнич ва укроб) – 5 банча

Намак, шакар – 2 пиёла

                           Тарзи таҳия:

Дар аввал деги отпазиро дар болои оташи миёна мегузоред ва помидорро реза карда ба дарунаш меандозед. Пасон пиёзи сурхи майдаро ба дарунаш илова кунед. Балгариҳои сурху сабзро реза карда ҳамроҳ мекунем ва таф медиҳем. 2 капусти андозааш миёна реза карда ба дарунаш илова мекунед, агар капуст калон бошад 1 дона кифоя аст. Монед дар болои оташ ҷӯшад то сокаш барояд. Пас аз он сирпиёзро донаҳояшро ҷудо карда илова мекунед ва кабудиҳоро реза карда илова мекунед. Монед ки 5 дақиқа ҷӯшад пасон 2 пиёла шакар ва намак ҳамроҳ кунед ва таф диҳед. Монед 5 дақиқа дигар ҷӯшад то ки ширадори болаззат шавад.  Тайёр ки шуд ба банкаҳои буғкардашуда гиред ва маҳкам кунед. Ин шакаробро ба ҷойи тамат дар хӯрок истифода кунед ё ҳаминхел бо нон истеъмол кунед ҳам мешавад, хеле болаззат ва иштиҳоовар мешавад.

Икра барои захираи зимистон

Маҳсулот лозима:

Равған – 3 коса

Боимҷон – 5 кг

Балгарии сурху сабз – 5 кг

Пиёзи сурхи майда – 5 кг

Помидор – 20 кг

Сирпиёз – 4 дона

Кабудӣ ( гашнич, укроб) – 5 банча

Намак

Шакар – 2 пиёла

Тарзи таҳия:

Дар аввал деги калони ошпазиро дар болои оташ мегузорем ва 3 коса равған илова карда, равғанро гарм мекунем. Боимҷонҳоро реза карда дар дег илова мекунем ва таф медиҳем. Балгарӣ, помидор, капустро реза карда илова мекунем ва таф медиҳем. Пасон пиёзи сурхи хурдро илова мекунем. Мемонем то пӯхтанашон меҷӯшанд. Ҷӯш, ки омад намакро илова мекунем. Баъди пӯхтани сабзавотҳо 2 пиёла шакар ва кабудиҳоро реза карда, илова мекунем ва 5 дақиқаи дигар меҷӯшанд. Баъд банкаҳоро дар буғ мегузорем то ки безарар гарданд. Икра тайёр, ки шуд ба банкаҳо гирифта, махкам мекунед. Баъд дар зимистон бо иштиҳо истеъмол мекунед.

Иштиҳои соф!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД