sebiston july new
Шафқат диламро бурду маро партофта рафт
1691

Салом ба муштариёни "Оила". Ман як духтари ҷавони 23-сола мехоҳам сарнавишти худро ба шумо нақл карда, маслиҳат пурсам.

Ман дар оилаи сарватманд ба воя расидаам. Падарам раиси бонк, модарам бошад, муаллимаи донишгоҳ аст, вале волидонам ба сарватмандиашон нигоҳ накарда, бисёр одамони хоксору поквиҷдон буда, мо - фарзандонашонро низ дар равияи инсондӯстӣ тарбия кардаанд.

Хулласи калом, баъди хатми мактаби миёна ман ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дохил шудам ва барои таҳсил ба шаҳри Душанбе омадам.

Солҳои донишҷӯиро “давраи тиллоии умр” мегӯянд ва ин давраро бе ишқу муҳаббат тасаввур кардан душвор аст. Насими ишқ дар дили ман ҳам вазида, ба Шафқат Муқимӣ ном ҳамсабақам дил додам.

Ин ҷавони оромтабиат бо хоксориаш дили маро чунон тасхир намуд, ки агар рӯзе ӯро набинам, чизи хеле азиз ва муҳимеро гум кардагӣ барин, беқарор мешудам, вале Шафқат аз дарди дили ман хабар надошт.

Билохира сабру қарор аз даст дода, рӯзе баъди дарс худам ба ӯ занг задам ва ба вохӯрӣ даъваташ намудам, аммо пешниҳодамро қабул накард. Ғамгин шудам, ки шояд ягон духтари дӯстдошта дорад ва барои ҳамин аз вохӯрӣ бо ман истиҳола мекунад, вале ҳарчанд аз ҳамсабақон пурсидам, ҳама бо як овоз гуфтанд, ки Шафқат бачаи духтарбоз нест ва ягон арӯсшаванда ҳам надорад. Оташаи умед боз дар дилам аланга зад ва дубораю себора занг зада, ба ҷону ҳолаш намондам, ки биёед дар ягон ҷо вохӯрем, ман ба шумо як гапи бисёр муҳим дорам.

Ҳамин тавр, баъди зангҳои бисёр Шафқат розӣ шуд ва мо дар як қаҳвахона мулоқот намудем. Вақте аз ишқу муҳаббат сухан сар кардам, ин ҷавони шармгин “илтимос, маро ба ҳоли худам монед, охир ман шуморо фақат ҳамчун ҳамкурс эҳтиром мекунам” гӯён, аз ҷояш бархост.

Аз ин посухи ҷавони дӯстдоштаам дилам хун гашта, гирён шудам ва пеши худ мақсад гузоштам, ки ишқамро дар қафаси сина бӯғӣ карда мекушам, вале нашуд.

Сурати зебои Шафқат ҳеҷ аз пеши назарам дур намешуд ва ман диламро дар пеши пояш пойандоз намуда, ошкоро гуфтам, ки аз ҷонам бештар дӯсташ медораму бе ӯ зиндагӣ карда наметавонам.

Аввал бовар накард, вале чун қасам ба тамоми бузургон хӯрдам, ки ин шӯхию бозӣ ё санҷиш нест ва сидқан дӯсташ медорам, Шафқат хеле хурсанд шуда, ишқи маро қабул кард.
Ҳамин тавр, достони ишқи ману Шафқат оғоз ёфт.

Ман худро бо Шафқат мисли моҳӣ дар об роҳат эҳсос мекардам ва меҳрам нисбаташ торафт зиёдтар мешуд. Хаёлан қасри бахтамонро бо ҳамдигар сохта, дар олами орзуҳои ширин бе болу пар парвоз мекардем, вале ...

Ин хурсандии мо дер давом накард. Рӯзе ба дарс омада, Шафқатро надидам. Аз ҳамкурсонам пурсон шудам, гуфтанд, ки наомадааст. Ғамгин шуда, баъди дарс ба ӯ занг задам, аммо гӯшиашро набардошт. Аввал гумон кардам, ки шояд ягон кораш баромада мондааст, лекин рӯзҳову ҳафтаҳо гузаштанду бо ҳамин дигар аз Шафқат дарак нашуд. Ҳар қадар ҷустуҷӯ кардам, ному нишонашро наёфтам, ин ҷавони танумандро гӯё замин якбора ба комаш фурӯ бурда бошад, касе дар борааш чизе намедонист.

Ҳамин тавр, аз байн як сол гузашт, вале меҳри Шафқат ҳатто як зарра ҳам дар дили ман кам нашуд, ки нашуд.

Як рӯз аз рақами ношиносе ба ман занг заданд. Гӯширо бардоштам. Ҷавони ношиносе аввал номамро пурсид ва баъдан хабар дод, ки беҳуда Шафқатро интизор нашавам, зеро дӯсташ зан гирифтааст.

Бо шунидани ин шумхабар телефон аз дастам афтида, дунё дар назарам тираю тор гашт. Боварам намеомад, ки ишқи мо ба поён расидааст.

Ҳарчанд кӯшиш мекунам, то ба имрӯз Шафқатро фаромӯш карда наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ишқамро кофта-кофта, ба хонаашон равам ё Шафқатро мисли як хоби ширин фаромӯш кунам?

Шаҳло, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Самира 2023-10-10, 10:33
Хохарчон фаромуш кунед вай як номард будааст ва шуморо дуст намедоштааст ки зан гирифтаст ва ба рафикашам хдаш ракамои шуморо додаст ки зангириша ба шумо гап зана чураш фаромуш кнеща хохарчон ва ягон инсони хуб пайдо шава шавхар кнед хохарчон бамеди вай номард нашавен ИншааАллах ай вайда болош пайдо мешавад хушбахт мешавен ИншааАллах.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Самира 2023-10-10, 10:33
Хохарчон фаромуш кунед вай як номард будааст ва шуморо дуст намедоштааст ки зан гирифтаст ва ба рафикашам хдаш ракамои шуморо додаст ки зангириша ба шумо гап зана чураш фаромуш кнеща хохарчон ва ягон инсони хуб пайдо шава шавхар кнед хохарчон бамеди вай номард нашавен ИншааАллах ай вайда болош пайдо мешавад хушбахт мешавен ИншааАллах.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД