Arzon march 2024
Дар шумораи 37-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
1732

“Модарамро интихоб кунам ё шавҳарамро?”. Чунин аст сарлавҳаи “Назарпурсӣ” ва саволе, ки аз ҷониби хонандаи ҳафтанома ба идора ирсол гардидааст.

Ба саволи хонанда дар мавриди он ки модари танҳояш ӯро талқин ба ҷудошавӣ мекунад ва дар ҳоли ногувор қарор доштанаш, нуқтаи назари чанд нафарро мутолиа намоед.

“24 сол дар низоми судӣ”. Чунин унвон дорад зиндагинома ва фаъолияти қаҳрамони рубрикаи “Иродаи зан” собиқ судяи Суди ноҳияи Сино ва Суди Олии ҶТ Марҳабо Наимзода, ки феълан дар нафақа қарор доранду дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳо ба ҳайси муаллима кор мекунанд, мавод дарҷ гардидааст.

“Арақ шавҳарамро мехӯрад” сарнавишти зане аст, ки дар ҷавонӣ бо ишқу муҳаббат оила бунёд намуда, як умр хизмати хушдоману хонаи шавҳарашро мекунаду боре меҳрубониву ғамхории шавҳарро намебинад. Баъди ба воя расидани фарзандон маълум мешавад, ки шавҳари майхорааш зани дигареро дӯст медоштаасту бо сабаби майхора будани мард маъшуқааш ӯро аз дараш меронад.

Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо Муҳаммад Ҳисейнов, бародари шафқате, ки замони авҷи коронавирус бо нашри як навор табибонро ба хизмат кардан ба мардум талқин мекарду он навор тавонист зиндагиашро пурра иваз кунад, доир ба вохӯрии тақдирсозаш бо Президенти кишвар ва фаъолияти блогериаш мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии рэпсарои шинохта Равшан Шоҳинов бо тахаллуси Leo маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Қиссаи “Ишқи авбош” дарди дили духтаре аст, ки ба доми фиреби ҷавони фиребгару айёш ва бибии найрангбози ӯ афтида, бо гумони он ки келини хонадони онҳо мешавад, барояшон аз таҳти дил хизмат ва кумакҳои зиёде мекунад. Дар охир ҷавони дӯстдошта ва бибии макорааш духтарро аз дарашон мисли саг меронанд...

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Нараки наврасӣ нишонаи чист?” ва “5 бемории хатарнок барои зани ҳомила” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “Паёмбар (с) баъди вафоти модар”, “Дуои “Канз-у-арш” мавҷуд аст?”, “Дар қабристон дуо хонам?” “Ба ҷои падарам намоз хонам?” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Марги модар дар хоб” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Хиёнат карду боз алимент талаб дорад”, “Зӯрам ба писарам намерасад” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД