Анонси шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила”
Дар шумораи №49-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Иродаи зан” аз иродаву ҷасорати як зани маъюб, муассиси ташкилоти ҷамъиятии “Нерӯбахш” Санавбар Раупова навишта шудааст. Санавбар аз модар маъюб ба дунё омадааст, вале Худованд ӯро аз як пой маҳрум гардонида бошад ҳам, ин зани боирода ба тақдир таслим нашуда, ҳамеша дар талош аст, то ки натанҳо зиндагии худ, балки ҳаёти атрофиёнашро низ ширину гуворо гардонад. Самари ҳамин талошҳост, ки Санавбар ба комёбиҳои бузург ноил шуда, такягоҳи садҳо одамон ва соҳиби обрӯву эҳтиром гаштааст.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Абдуллоро чӣ гуна баргардонам?”, “Шавҳарам ба модараш бовар дораду ба ман не” дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Дугонаи ҳасуд” зиндагиномаи занест, ки дугонаи наздикаш аз хурдӣ ба зиндагиву бахти ӯ ҳасад бурда, мисли мор заҳр мезанаду ҳамеша дар пайи зарар расониданаш аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Боғи бахил сабз намешавад, сабз ҳам шавад, мева намедиҳад”...
“Ҷазои носипос” чунин унвон дорад қиссае, ки дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қаҳрамони қисса соҳиби зиндагии обод асту бо тамоми ҳастӣ хизмати шавҳар ва хушдоманашро ба ҷо меорад, вале рӯзе мефаҳмад, ки шавҳараш зани дигар дораду дар фикри аз ӯ ҷудо шудан аст. Азбаски зану шавҳар дар хонаи аз волидонаш меросмондаи Саодат зиндагӣ мекунанд, зан хонаро фурӯхта, аз зиндагии шавҳар ғайб мезанад. Ҳамин аст ҷазои носипос!
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи фуд- блогери машҳур Суҳроб Зоиров таҳти унвони “Аз сохтмончӣ то фуд-блогер” маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “3 роҳи халосӣ аз зуком ва ангина“ ва “Холкӯбии абрӯ” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагинома ва фаъолияти сеҳргари маъруфу сермухлис Мақсуд Додоҷонов доир ба роҳи интихобнамудааш, махсусияту талаботи олами сеҳргарӣ, душвориҳо ва умуман кори “фокусник” мавод дарҷ гардидааст.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “Зан бо мард дастӣ салом кунад, гунаҳкор мешавад?”, “Талоқ дар мастӣ равост?”, “Падари ман шаҳид аст?”, “Гунаҳкор хушбахт мешавад?”, “Чаро муллоҳои дурӯғин зиёд мешаванд?” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Ба оғӯш гирифтани мурда дар хоб” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!