Formula novemver 2024
Анонси шумораи навбатии "Оила"
18.12.2024
Оила
1111

Анонси шумораи навбатии “Оила”

Дар шумораи №50-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Фарзона Восиева аз зумраи ҷавондухтаронест, ки бо истеъдод ва талошҳои пайвастаи худ дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо кардааст. Ҳарчанд ихтисоси тарҷумони забони арабиро интихоб карда бошад ҳам, зиндагӣ Фарзонаро ба самти дигар раҳнамун сохт. Ӯ на танҳо як тарҷумон, балки омӯзгор ва эҷодкори ҷавонест, ки бо заҳмати худ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар адабиёт саҳми назаррас гузошта истодааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Ба модарам нафрат дорам”, “Мемураму келини холаам намешавам” дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Пушти пардаи бадбахтӣ” зиндагиномаи занест, ки шавҳараш бо баҳонаи бефарзандӣ аз ӯ ҷудо шуда, бо зани дигаре издивоҷ мекунад. Зан ба мисли дигар бонувони бебахт кунҷи хонаро нагирифта, аз пайи беҳтар сохтани зиндагӣ шуда, ба зудӣ бахти худро пайдо мекунад.

“Қасоси маъшуқа” чунин унвон дорад қиссае, ки дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қаҳрамони қисса бо сабаби бефарзандӣ писарчаеро аз Хонаи кӯдакон гирифта, ба воя мерасонад, вале бо дахолати маъшуқаи шавҳараш қариб фарзанди бо азоб ба воя расонидаашро аз даст медиҳад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои зерин “Таҳоратамро дошта наметавонам, чӣ кор кунам?”, “Ҳазрати Умар (р) паёмбарро куштан мехост?” “Дар сафар суннат гузорем?” “Фиристодани акс ба хостгор ҷоиз аст?”, ки аз ҷониби хонандагони ҳафтанома дода шудаанд, посухи мутахассисони маркази исломии Шӯрои уламоии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.

 Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Шавҳар кардан дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

 Дар қиссаи “Ишқи духтари бадрӯ” шумо метавонед саргузашти ошиқонаи ҷавонеро мутолиа намоед, ки на ба сурат, балки ба сирати духтараки бенуре ошиқ шуда, хилофи розигии волидонаш издивоҷ мекунад ва аз интихоби худ пушаймон намешавад. Қиссаи мазкур барои ҷавононе, ки ба ҳусну ҷамоли духтарон таваҷҷуҳ доранд, намунаи ибрат аст.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бораи накӯкориҳои як блогер, ки бо номи мустаори Saliheen дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон кумак мерасонад, мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Вич-спид дигар хавфнок ва марговар нест“ ва “5 ғизои зимистонае, ки занро зебо месозанд” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагинома ва фаъолияти блогере, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби саховатмандиву дастгирии қишри ниёзманди ҷомеаро мекунад, суҳбат доштем. Назокат Ашӯрова доир ба махсусияти кори блогерӣ ва муҳимияту эҳсоси кори хайр қисса кард, ки тафсилоташ пешкаши хонандагон мегардад.

Дар саҳифаи “Муҳоҷират” номаи як муҳоҷири тоҷикро таҳти унвони “Пул надошта бошӣ, ба касе даркор нестӣ!” мутолиа карда метавонед, ки дар мулки ғурбат бо вуҷуди вазниниҳо заҳмат кашида, ба ватан бармегардад, вале баробари тамоми шудани пулҳояш ҳатто модараш аз ӯ рӯ мегардонад.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД