Аксарият бар он андешаанд, ки футбол варзиши мардона аст, вале солҳои охир дар кишвари мо занону духтарони чусту чолоке пайдо шудаанд, ки дар ҷодаи футбол ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гашта, ҳатто мардонро дар ҳайрат мегузоранд. Яке аз чунин бонувони муваффақ дар ҷодаи футбол мураббии дастаи бонувони футболбози “Душанбе”-и шаҳри Душанбе Гасимова Зебо Холовна мебошад.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Писари шавҳарам душвортарбия аст”, “Шароб хонавайронам кард” ва “Шавҳарам аз хона гурехт” дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Пушти пардаи бадбахтӣ” зиндагиномаи занест, ки шавҳараш бо баҳонаи бефарзандӣ аз ӯ ҷудо шуда, бо зани дигаре издивоҷ мекунад. Зан ба мисли дигар бонувони бебахт кунҷи хонаро нагирифта, аз пайи беҳтар сохтани зиндагӣ шуда, ба зудӣ бахти худро пайдо мекунад.
“Арӯси гуреза” чунин унвон дорад қиссае, ки дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қаҳрамони қисса, ки модарашро хеле барвақт аз даст додааст, аз замони тифлӣ ранҷу озори зиёдеро аз сар мегузаронад. Вақте духтараки ҷафокашида чанд рӯз қабл аз тӯйи арӯсӣ фирор мекунад, тағову амакаш, ки ӯро ба фарзандхондӣ қабул карда буданд, аз арӯси гуреза рӯ мегардонанд. Духтарак падарашро пайдо карда, нав нафаси осуда мекашад, ки дар як садама дубора ӯро аз даст медиҳад...
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи ҳаҷвнигори шинохтаи фазои маҷозӣ Мухтор Мухторов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “3 роҳи осони халосӣ аз геморой“ ва “Чинҳои пешониро рафъ мекунем” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Чеҳра” аз зиндагинома ва фаъолияти эҷодии ҳунарманди маҳбуби кишвар, шодравон Файзигул Юсуфӣ, ки чанд рӯз қабл бар асари беморӣ дар айни шукуфоии умр моро тарк намуданд, мавод дарҷ гардидааст.
Дар саҳифаи “Муҳоҷират” номаи як муҳоҷири тоҷикро таҳти унвони “Муҳоҷират бароям падар гашту...” мутолиа карда метавонед, ки дар мулки ғурбат бо вуҷуди вазниниҳо заҳмат кашида, ба ҳама орзуву ниятҳояш ноил мегардад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими вақтҳои намоз барои моҳи декабр дарҷ гардидааст, ки аз ҷониби Маркази исломии Шӯрои уламоии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Хоб бинӣ, ки гулӯятро буғӣ мекунанд...” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!