Sebiston new 2024 october
Хӯроки болаззат бо панир ва гӯшти мурғ
2577

Маҳсулоти лозима:

Қиммаи гӯшти мурғ

Пиёз – 2 дона

Сабзӣ – 2 дона

Картошка – 2 дона

Тухм – 1 дона

Панири обкардашуда (VIOLA)

Намак, мурч – мувофиқи табъ

Кабудӣ – 1 бандча

Об – мувофиқи табъ

Тарзи таҳия:

Дар аввал дар зарф қиммаи гӯшт, тухм, намак, мурч, сабзӣ ва пиёзро бо блендер омехта мекунем. Пас аз он, қиммаро бо дастамон дар қолаб гирдшакл мегузорем.

Дар дег равған рехта, пиёзро реза карда меандозем, сипас сабзиро аз тарошак гузаронида ба дег меандозем. Каме бирён мекунем, пасон картошкаро чоркунҷа реза карда, ҳамроҳ мекунем, баъд об мерезем. Обаш, ки ҷӯшида хӯрок қариб пухт, қиммаро илова мекунем ва боз 10 дақиқаи дигар меҷӯшонем. Баъдан 1-2 қошуқ панири обкардашуда (VIOLA) илова карда, мекобем ва мемонем каме ҷӯшад пасон, кабудиро реза карда, болояшро оро мдеиҳем. Хӯрок, ки омода шуд, дар зарфи хӯрокхӯрӣ гирифта, истеъмол кунед. Хӯроки панирӣ хеле болаззат ва иштиҳоовар буда ба аҳли оилаатон писанд меояд.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД