arzon replenishment
Ғуломи хоҳаршӯ (ҚИСМИ 2)
3866

Дил дили Зайнаб

Солҳои тиллоии донишҷўӣ ба охир расиданду Шаҳодат ба деҳа баргашт. Ӯ бояд як сол кор карда, баъд дипломашро мегирифт. Хостгоронаш аз мўйи сараш зиёд буданд, ҳамон ду ҷавони ҳамшаҳрияш, ки аз ў ду курс боло мехонданд, ҳарду якбора ба хонаашон хостгор фиристоданд. Аммо духтар шавҳар карданӣ набуд…

Як шоми зебои баҳорӣ назди дарвозаи нақшини муаллими Давлат мошини гаронбаҳои хориҷӣ қарор гирифт ва аз он ду марду ду зани хушлибос бо дастархонҳои калон вориди ҳавлӣ гаштанд. Дар ин хонадон меҳмон ҳамеша атои Худо буд ва меҳмонони ношиносро хеле бо эҳтиром пешвоз гирифтанд. Муаллим пеш аз он ки вориди меҳмонхона шавад, қассобро ҷеғ зада, гӯсфандеро сар зад ва дастархони пурнозу неъмате орост. Баъд маълум шуд, ки меҳмонҳо хостгорон аз Душанбе ҳастанд. Модари Зафар дилбастагии писарашро ба Шоҳида медонист. Азбаски зани мардсифате буд, суханро аз дур оғоз кард:

- Бародари азиз, ман баъди вафоти шавҳарам як духтару як писарро бо хуни дил ба воя расонидаам. Духтарам синфи даҳ, Зафарҷон синфи шаш буд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ камбудие надоштем, зеро шавҳарам кори хубе доштанду мо ҳавлии барҳаво, хонае дар бинои баландошёна, бўстонсаро дар Варзоб доштем. Баъдан додаршўйҳоям маро хор шудан намонданд, худам ҳам кор мекардам, мардҳои ҳамроҳи зан омада амакҳо ва он зан аммаи Зафар будаанд.

- Писари ман духтари шуморо аз курси аввал дўст медошт, вале духтаратон умуман ишқи ўро қабул накардаву бо ӯ ҳарфе назадааст. Инак, мо назди шумо хостгорӣ омадем ва дасту дили духтари хуштарбияатонро аз шумо металабем.

Муаллими Давлат дар бораи духтараш таърифҳои зиёд шунида, хеле хурсанд шуд ва хостгорон ҳам маъқулаш шуданд, аммо Шоҳида намехост аз деҳа берун равад. Муаллим, ки ҳамеша бо дили фарзандон кор мекард, аз хостгорон бахшиш пурсида, онҳоро бо эҳтиром гусел кард.

Хостгории домод

Чун хостгорон аз хонаи парии тилломўй ноумед омаданд, Зафар намегиристу бас. Амакҳояш ба рўйи доғаш намак рехта гуфтанд:

- Бисёр падару модар ва бародарони хуб доштааст, Шоҳидахон, аммо ту бояд аввал дили духтарро ба даст меовардӣ.

- Падараш инсони наҷиб, розӣ шуданд, аммо духтар не гуфт,- илова кард модараш.

Рўзи дигар Зафар ба мошинаш нишаста, рост ба деҳаи  Шоҳидаашон рафт. Муаллими Давлат ба нафақа баромада бошад ҳам, дар мактаб даҳ соат дарси таърих дошт. Ҷавон ба мактаб рафта, бо падари Шоҳид се соат дар боғи мактаб сўҳбат кард. Байни ин ҷавону пири маърифатпарвар чӣ гузашту чӣ монд, ки муаллим аз духтараш напурсида, ўро бо ҷавони ошиқ фотеҳа кард. Дар таърихи деҳаи Наврўз аввалин бор буд, ки домод худаш ба хостгорӣ биёяд. Модари Зафар бо ҳазорон орзу ҷиҳози зебо оварду тўйи бошукўҳе ороста, парии обичашмро ба шаҳр бурд. Ҳама дўстон ба ин ҷуфти зебо бо шавқ менигаристанд, муаллими Давлат домоди хурдияшро мисли писар дўст медошт. Зафар зуд-зуд хусуру хушдоманашро ба шаҳр мебурд, ў хушдоманашро очаҷон ва хусурашро дадаҷон мегуфт. Ин гуна муҳаббату муносибат ҳам дар таърихи авлоди Шоҳидаашон бори аввал буд. Оилаи онҳо оилаи намунавӣ буд, зану шавҳар ҳарду табиб буданду дар як беморхона ифои вазифа мекарданд. Зафар духтури ҷарроҳ, Шоҳида бошад, духтури занҳо буд. Шоҳида хушдоману хоҳаршўяшро зиёд эрка мекарду намемонд хушдоман даст бар косаи тар занад. Зафар ҳам ҳамеша таъкид мекард, ки аз ман зиёдтар апаамро ҳурмат намо.

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД