Вақтҳои охир ман ҳам чунин хобҳои зишт мебинам. Шаби гузашта хоб дидам, ки дар хонаамон тӯй аст ва ману хоҳарам либосҳои арӯсу домодӣ дорему хешу табор бошанд, пеш-пешамон рақсу бозӣ карда истодаанд. Хоби дидаамро ба модарам нақл кардам, он кас маро сарзаниш карда гуфтанд, ки чунин хобҳоро одам набояд ба ягон кас бигӯяд. Аз рӯйи гуфти модарам таъбири тӯй дар хоб маргу мурда будааст. Магар дар асл чунин аст?
ИЛҲОМ, аз н. Рӯдакӣ
Посух:
Фикру андешаҳои азиятоварро ба саратон роҳ дода, беҳуда асабҳоятонро хароб ва дилатонро хун насозед. Таъбири хоби шуморо дар хобномаҳои мусулмонӣ ҷустуҷӯ намуда, мо чунин посухи аҷиб пайдо кардем: “Касе хоб бубинад, ки бо яке аз хонумҳои авлодаш, ки офаридгор никоҳ карданро бо ин тоифаи занҳо манъ кардааст (модар, хоҳар, хола, амма...) издивоҷ мекунад, шод шавад, зеро ин хоб фоли нек буда, аз он далолат мекунад, ки шахси хобдида ба наздикӣ қадам ба сарзамини мубораки Макка ва Мадина гузошта, ба тавофи Хонаи Худо мушарраф хоҳад гашт”.
Офаридгор шояд ба василаи ин хоб ба шумо пайғом фиристодааст, ки вақти мулоқот бо он Зоти Пок фаро мерасад, аз кулли гуноҳу хатоҳои дониставу надониста содиркардаатон тавба намоед.
Тӯй дар хоб ҳамчунин рамзи оромиш баъди фоҷиа, ғаму дард ва дигар мушкилоти азиятовар будааст.