Ганда
Келинам баръакси таърифҳои холаву модараш хеле танпарвару ифлостабиат баромад. Барои мани тозарўзгор бо ў зиндагӣ кардан хеле гарон буд, аммо дўсташ медоштам ва мехостам тарбияаш кунам, то мисли худам шавад. Аммо ў маслиҳатҳои модаронаи маро дигар хел қабул карду ўро ба ҳолаш гузоштам. Кош, ин тавр намекардам…
Худам ба кор мерафтаму боз мисли пештара кори хона мекардам, акнун кори як ҳавлии калон бар душам буд. Писарам инро медиду ба занаш чизе намегуфт. Оҳиста-оҳиста ба хизматгори келин табдил ёфтам, ў соҳиби як писару як духтар шуд, аммо тағйироте дар кору бораш набуд. Рўзи дароз хоб мекард, ман ки аз кор омадам, мехесту нимкола ягон корро мекард, кўдаконро ҳам нигоҳ намекард. Синну соли ман ҳам ба ҷое расиду ба нафақа баромадам, акнун рўзи дароз бо ин бадзабон, ки бар замми ифлосияш зиёд ҷангара буд, тоқат карда наметавонистам. Кўдаконро мезаду бад мегуфт. Боре ба ў гуфтам, ки “ман кўдаконро мегирам, ту аз пайи корҳоят шав, аммо ў инҳо кўдакони ман ҳастанд, худам мегирамашон, корҳоятонро худатон кунед” гуфт. Ба писарам бори аввал дар шаш сол шикоят карда, ҳама кору бори келинамро гуфтам, аммо ў оромона гуфт:
- Очаҷон, шумо зиёд олуфта ҳастед, агар корҳояш маъқул нестанд, худатон кардан гиред!
Бо ҳамин писарам дигар бо ман хуб гап намезаду келин бошад, дигар дасташро ба косаи тар намезад, намедонам дар ҳамон боло чӣ мехўрду чӣ менӯшид, ки ба сўи ошхона намеомад. Ман мисли буми кӯр менишастам, келин ба наберагонам иҷозати бо ман нишастанро намедод. Кӯдакон аз тарси шаттаву шаллоқи модар ба ман майл намекарданд. Бо писарам ин дафъа бо мулоиматӣ гап задам, аммо гапи гуфтааш маро ба ҳолати шок овард:
- Оча, ба ман на ҳавлӣ даркор, на ҳарам, падарам ба ман хонаи сеҳуҷрагӣ мерос монда буд, ҳамонро харида диҳед, ман бо занам меравам, аз ҷангу ҷанҷоли шумо хаста шудам.
Худро ба даст гирифтаму гуфтам:
- Бачам, дар харидани он хона ман ҳам нақш доштам, баъди падарат он ба ман мерос монда буд, на ба ту.
Баъди ин гуфтугў писарам бо ман умуман гап намезад. Ман тамоми тилловории доштаамро фурўхта, чӣ пасандозе, ки доштам, ҷамъ кардаму барои писарам хонаи сеҳуҷрадореро ба тамоми ҷиҳозаш харида додам. Онҳо бо ман хайрухуш накарда, дуои маро нагирифта рафтанд. Писарам шарм надошта, ба мошини харидаи ман нишаста рафт, ҳатто раҳмат нагуфт…
Танҳоӣ
Имрўз дар ҳавлии калон танҳо зиндагӣ дорам, қарор додам онро фурўхта, ду хона хараму дар яктояш зиндагӣ карда, дигарашро ба иҷора диҳам. Агар Худованд ба пирӣ расонад, мехоҳам манбаи даромаде дошта бошам. Баъди рафтани писарам ба тиҷорат даст задам ва муваффақ ҳам шудам, хешу табори худаму шавҳарам маро маломат мекунанд, ки “бо як келин рост нагирифтӣ!”. Худо шоҳид, ки ман ба келинам ягон бадӣ надоштам ва надорам, ў нахост бо ман зиндагӣ кунад. «Хушхабар»-ҳо ба гўшам расониданд, ки модари келинам мегуфтааст, ки “ту хидматгори он беваи оқипадар нестӣ, бо шавҳарат ҷудо зиндагӣ намо!”.
Қиссаи ба хондан омадани маро дигар хел карда, ба гўши писарам расонидаанд, гўё падарам маро оқ карда бошад! Падари мӯйсафеди ман ҳамагӣ ду сол пеш аз дунё рафт ва писарам медид, ки ў чӣ гуна меҳр дорад ба ман. Модарам насиҳатам карда буд, ки дар интихоби келин саросема нашав, вале ман ба гапаш гўш накардам. Ҳамсинфам, ки боиси ин бадбахтии ман шуда буд, телефонашро намебардорад. Модари келинам бошад, ба ҷои шарм доштан, маро маломат мекунад, ки кўҳриям ва ба ман одам намефорад.
Имрўз як андеша таркам намекунад, чаро баъди вафоти шавҳарам аз нав оила бунёд карда, соҳиби фарзанд нашудам?! Шояд имрўз маро яктояш мефаҳмид, ё не?! Лаънат ба касе, ки ба хотири фарзанду хешу табору дигару дигар аз бахти худаш мегузарад! Писари ман ҳама азобҳои маро дида буд, вале имрўз занро хотир диду маро не!
Ман писари ягонаамро ҳеҷ гоҳ дуои бад намекунам, дар паноҳи Худо бошад, аммо ин дунё косаи гардон аст ва келинам тамъи корҳои кардаашро хоҳад чашид.
МАҲҶАБИН
Таснифи Рухсора Саид