Вақтҳои охир ҳодисаҳои ногувори дар кӯчаву паскӯчаҳо, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мавриди тамаъҷӯӣ ва озори ҷинсӣ қарор гирифтани занону духтарон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Мардоне ҳастанд, ки дар кӯча ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ба занону духтарон гап партофта бо садои баланд фарёд мезананд: “Арӯси хар будай-ку! Намерем ягон ҷо дам гирем! Фигурая бину... ҳамаш ай хутай...Нозоша бин... Иқа хушрӯйӣ! Бухурумта, биё меҳмонут кунум...”
Назари ҷомеа ба хоррасмент чи гуна аст?
Ба хотири фаҳмидани назари ҷомеъа ба масъалаи озори ҷинсӣ ва хорассмент мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ назарпурсӣ гузаронидем. 50%-и пурсидашудагон дар шабакаи Инстаграм ва 45% дар Телеграм иброз доштаанд, ки бештар дар роҳ занону духтарон мавриди озори ҷинсӣ ва хорассмент қарор мегиранд. 17%-и иштирокчиёни пурсиши мазкур дар Инстаграм ва 13% дар Телеграм дар ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мавриди озори ҷинсӣ ва хорассмент қарор гирифтани бонувонро тасдиқ намуда, 11%-и пурсидашудагон дар Инстаграм ва 9% дар Телеграм шаҳодат додаанд, ки бевосита шоҳиди хорассмент гаштаанд. 22 %-и афроди дар пурсиш иштирок карда дар Инстаграм ва 27% дар Телеграм хорассментро ғаризаи табиӣ ва як одати мардона мешуморанд.
Қонун барои озори ҷинсӣ ҷавобгарӣ
пешбинӣ намудааст, вале...
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озори ҷинсӣ ва таъқиб ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст, аммо бо сабаби ноогоҳӣ аз қонунҳои мавҷуда, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, шарму ҳаё ва тарсу ҳарос аз ангуштнамои мардум гаштан дар аксари ҳолатҳо занону духтарон аз рӯйи шахсоне, ки онҳоро мавриди озори ҷинсӣ қарор медиҳанд, арзу шикоят намекунанд.
Аз “хушӯӣ” то озори ҷинсӣ
Бояд гуфт, ки бонувон фақат дар кӯчаву пасткӯча не, балки дар ҷойи кор, макони таҳсил, тарабхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ бо хорассмент ва озори ҷинсӣ рӯ ба рӯ гашта метавонанд. Бархе аз мардон танҳо бо гаппаронӣ ва “хушгӯӣ”-ҳои таҳқиромез қаноат накарда, занону духтаронро таъқиб ва думболагирӣ менамоянд, ҳатто бо роҳи таҳдид кӯшиши ба бадани зан даст расонидан мекунанд.
Аз нақли Азиза
Ҳамсӯҳбати мо Азиза (бо хоҳиши қаҳрамон номаш иваз шудааст) мегӯяд, маҳз аз рӯйи тамаъҷӯии ҷинсӣ маҷбур шуд, ки ҷойи корашро иваз намояд. “Коргари пешқадам будам, ҳамкоронам маро ҳурмату эҳтиром мекарданд, вале баъдан роҳбари корхонаамон иваз шуд. Раиси нав аз рӯзҳои аввали омаданаш ба ман ҳар хел суханони шаҳватолуд зада, ишораҳои номатлуб мекард. Оқибат косаи сабрам лабрез гашт ва ошкоро гуфтам, ки ман ба мисли вай одами ҳарому пастфитрат нестам. Раис чун дид, ки ба осонӣ маро ба дом афтонда наметавонад, ба хӯрдагирӣ сар кард. Ба фишори рӯҳӣ тоб наоварда, аз кор рафтам,”-мегӯяд Азиза.
Ба духтаракони ноболиғ ҳам гап мепартоянд
Натанҳо занону духтарони ҷавон, балки баъзан ҳатто духтаракони ноболиғ низ мавриди хорассмент ва озори ҷинсӣ қарор мегиранд. Ҳамсӯҳбати дигари мо Шаҳло модари ду духтари ноболиғ аст. Вай мегӯяд, духтаронаш ҳанӯз мактабхонанд, аммо ҷавонмардон ба онҳо гап партофта, суханони таҳқиромез мегӯянд. “Духтароне, ки либоси аврупоӣ мепӯшанд, бештар ҳадафи чунин “шикорчиҳо” қарор мегиранд. Бо чашми худ мебинанд, ки духтар ноболиғ аст, вале бо нигоҳи бешармонаи чашмони бозингарашон ӯро гӯё фурӯ бурдан мехоҳанд. Гапҳои аз доираи одобу ахлоқ берун мезананд. Метарсам, ки духтарҳоямро бегоҳирӯзӣ танҳо барои харид кардан ё кори дигар фиристам. Бовар кунед, баъзан ҳатто ман-модарашон ҳамроҳи онҳо бошам ҳам, ибо накарда, ба духтаронам гап мепартоянд,”-мегӯяд Шаҳло.
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Марҳабо Наимзода, ҳуқуқшинос, коршиноси ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” мегӯяд:
-Истилоҳи “Хорассмент” ҳанӯз солҳои 70-и асри гузашта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шудааст ва маънояш таъқиб аст, вале дар асл мафҳуми он хеле васеътар мебошад. Ҳанӯз дар ҳамон давраҳо дар Амрико аввалин парвандаҳои озори ҷинсӣ баррасӣ гашта буданд. Хорассмент рафтори номатлубе мебошад, ки шаъну шарафи шахсро паст зада, хислати бадхоҳона, харобкорона, хусуматомез, пастзананда, таҳқиркунанда ва аламовар дорад. Таъқиби ҷинсӣ бошад, рафтори нохушоянди шифоҳӣ, ғайришифоҳӣ ё ҷисмонии хусусияти шаҳвонӣ дошта мебошад. Умуман, таъқиб ин вайронкунии ҳудуди шахсӣ ва дахолатнопазирист. Таъқиб метавонад дар шакли ҷисмонӣ (дастрасии номатлуб, ба оғӯш кашидан), ба таври шифоҳӣ (таърифи дағалона ё таҳқиромез, ишораҳои норавшан дар бораи муносибатҳои ҷинсӣ ва ғ.) зуҳур кунад. Ба таъқиб ҳамчунин, зангҳои номатлуб, имову ишораҳои қабеҳ, таҳқир, наздикии маҷбурӣ, ҳуштак кашидан, дод задан дар кӯча низ дохил мешавад. Дар қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, истилоҳи “харассмент” яъне “озори ҷинсӣ” вуҷуд надорад. Аксар вақт ин гуна кирдорҳо ҳамчун «майдаавбошӣ» дониста шуда, бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд. Меъёри мазкур ҷавобгарии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, пешбинӣ кардааст.
Санксияи меъёри мазкур, ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо пешбинӣ кардааст.
Хорассмент аз таваччӯҳи
мард ба зан чӣ фарқ дорад?
Тавре ки болотар гуфтем, 22%-и афроди дар пурсиш ширкат варзида хоррасментро як ғаризаи табиӣ ё одати мардона мешуморанд, вале равоншинос Ганҷина Салимова ба ин андеша розӣ нест. Ӯ мегӯяд:
-Таваҷҷӯҳи мард ба зан (симпатия) шахсро самимона пасандидан ва дар ҳаққаш ғамхорӣ зоҳир намудан буда, зан аз он лаззат мебарад. Мард бо рафтораш нишон медиҳад, ки қадру қиммати зан дар назди ӯ баланд аст. Хорассмент бошад, дар шакли шӯхиҳои ноҷо ва ҳар хел ҳаракату ишораҳои хислати шаҳвонӣ дошта ва ё таҳдид кардану тарсондан, талаби муошират берун аз кор ва дигар пешниҳодҳои нохушоянди шаҳвонӣ зуҳур меёбад. Бештар ба хорассмент онҳое даст мезананд, ки нисбатан қавитар ҳастанд, дар мақому мартаба баландтаранд. Мушкилӣ дар он нест, ки тобеъ розӣ аст ё ин ки норозӣ, балки дар он аст, ки шахс озодона тасмим гирифта наметавонад. Одам аксар вакт аз тарс корҳое мекунад, ки дар асл намехост ба он кор даст занад. Психикаи инсон ҳамин тавр кор мекунад. Набудани далел, набудани дастгирӣ, нобаробарии қудрат-ҳамаи ин фикрҳо шахси ба хорассмент рӯ ба рӯ шударо беҷурат месозад.
Маслиҳати ҳуқуқшинос
Аксаран занону духтарон аз шарму ҳаё ва тарси дар байни мардум ангуштнамо гаштан чунин ҳодисаҳои ногуворро пинҳон дошта, арзу шикоят намекунанд. Хомӯшии ҷабрдидагон ва бе ҷазо мондани шахсе, ки нисбати дигарон тамаъҷӯии ҷинсӣ ва хорассментро раво мебинад, боиси афзоиш ёфтани чунин ҳодисаҳо мегардад.
Оё дар қонунгузорӣ барои хорассмент ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст? Ҳуқуқшинос Шаҳноза Ғафорова дар посух ба ин савол гуфт:
-Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ хорассмент ё озори ҷинсиро кирдори зиддиҳуқуқӣ эътироф кардааст. Аз ҷумла дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди диннӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.” Соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбиз” қабул гардид, ки ба масъалаи мазкур алоқамандии зич дорад. Дар қисми 2-и моддаи 6 мафҳуми таъқиби ҷинсӣ ба таври зайл нишон дода шудааст: ” Таъқиби ҷинсӣ ин ҳама гуна шаклҳои рафтори бадхоҳона ва нохушояндаи шифоҳӣ, ғайришифоҳӣ ё ҷисмонии хусусияти шаҳвонидошта мебошад, ки барои таҳқири шаъну шарафи шахс равона шудааст ё дар он ифода ёфтааст ва (ё) барои он муҳити ваҳмангез, хусуматомез, пастзананда, таҳқиркунандаи шаъну шарафи шахс ё ҳолати таҳқиромез ташкил карда шудааст”.
Ҳуқуқшинос мегӯяд, бо дарназардошти он ки дар Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон моддаи алоҳида оид ба хорассмент мавҷуд нест, барои содир намудани кирдори хусусияти озори ҷинсӣ дошта, одатан тибқи боби 18-и КҶ ҶТ (Ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ) ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба моддаҳои алоҳида дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, маҳдуд карани озодӣ, бо ҷарима ё корҳои ислоҳӣ ҷалб намудан, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, муқаррар гардидааст. Занону духтароне, ки дар ҷойи кор, макони таҳсил, кӯча ё ҷойҳои дигар бо озори ҷинсӣ-хорассмент рӯ ба рӯ мегарданд, ба мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд.
Роҳҳои пешгирии хорассмент
Равоншинос Ганҷина Салимова мегӯяд, аксар вақт одамон аз надонистан ва нофаҳмӣ даст ба чунин амалҳои нохушоянд мезананд, аз ин рӯ барои пешгирии хорассмент ва озори ҷинсӣ корро аз мактабҳо сар карда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ бо писарон ва духтарон суҳбату вохӯриҳо гузаронидан лозим аст, то наврасон ва ҷавонон дарк намоянд, ки инсон барои ҳар як сухан ва амали худ ҷавобгар мебошад. Ба духтарон бояд талқин намуд, ки ҳар як зан метавонад пешниҳодҳои номатлубро рад кунад. Дар сурати бо таъқиб ва озори ҷинсӣ рӯ ба рӯ гаштан ҳатман ба ҳуқуқшинос ва равоншинос муроҷиат намудан лозим аст, чунки баъд аз дучор шудан бо хорассмент дар инсон эҳсоси нотавонӣ, тарс ва хашм пайдо шуда, кас қобилияти кориашро аз даст дода метавонад.
Чаро бонувон ба лаб мӯҳри хомӯшӣ мезананд?
Коршиноси масоили гендерӣ Марҳабо Наимзода мегӯяд, тибқи маълумоти СБМ (Созмони Байналмилалии Меҳнат) дар кишварҳои мутараққӣ 15 -20 %-и занони ба кор машғулбуда гирифтори таъқиб мегарданд, вале танҳо аз се як ҳиссаи онҳо барои ҳимояи худ ба суд муроҷиат мекунанд. Сабабҳои асосии бо таъқиб ва озори ҷинсӣ-харассмент рӯ ба рӯ гашта, шикоят накардани занону духтарон ин надоштани дониши ҳуқуқӣ, тарси аз даст додани ҷойи кор ва сустиродагии онҳо мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо тарси ифшои таъқиби ҷинсӣ, мавриди муҳокимаи ҷомеа қарор гирифтан ва дастгирӣ наёфтан аз ҷониби наздикону пайвандон занро маҷбур месозад, ки ба лаб мӯҳри хомӯшӣ зада, пеши касе ин розро накушояд.
Коршиноси масоили гендерӣ Марҳабо Наимзода мегӯяд, озори ҷинсӣ ҳамлаи равонӣ ба ҷабрдида аст, масалан агар аз таърифҳои номатлуб ё пешниҳоди роҳбари корхонааш ӯ худро нороҳат ҳис кунад, ин аллакай таъқиби ҷинсӣ ба шумор меравад. Ҳама гуна амали дорои хусусияти равонӣ, ки боиси ҳисси хиҷолат, нафрат ё тарс дар ҷабрдида мегардад, таъқиб маҳсуб меёбад. Аз озори ҷинсӣ ҷабрдида дар як ҳолати ногувор мемонад, яъне ба ҷабрдида зарари равонӣ расонида мешавад.
Тадқиқотгарони амрикоӣ ба хулосае расидаанд, ки 81% занон дар тӯли умри худ ба озори ҷинсӣ дучор шудаанд.
Тавре, ки ҳамсуҳбатони мо зикр намуданд, ҳарчанд ки дар Конститутсияи Тоҷикистон, Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҷории кишвар бандҳои алоҳидае мавҷуданд, ки ба масъалаи озори ҷинсӣ ва таъқиб алоқамандӣ дошта, барои чунин амалҳо шаклҳои гуногуни ҷавобгариро пешбинӣ менамоянд, вале бевосита дар боби харассмент дар қонун чизе гуфта нашудааст.
“Ба андешаи мо вақти он расидааст, ки дар қонунгузории ҷиноятӣ барои озори ҷинсӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардад” мегӯяд ҳуқуқшинос, коршиноси масоили гендерӣ Марҳабо Наимзода.
Ф. Сатторӣ