Arzon march 2024
Келини қуръонхон рӯзамро сиёҳ кард (ҚИСМИ 2)
7325

Ғами ёр

Баҳрини қоматбаланди камонабрўи ман, ки дар муддати кўтоҳ дар зинаҳои мансаб боло рафту варзишгари хуб низ буд, ба бемории саратони ҷигар гирифтор гашт. Чӣ қадар кӯшиш кардем, дар беморхонаҳои бузургтарини Маскав табобат гирифту ҷарроҳӣ кард, аммо ҳамааш бефоида буд. Писараки деринтизорам, ки ўро панҷ сол интизор будем, тавлид шуду се рўз пас падараш оламро падруд гуфт. Мани нав ба дами осуда расида он қадар дард кашидаму то ҳол мекашам, ки худам медонаму Худо…

Албатта ман барои расидан ба мақсади хеш қолабшиканӣ кардам, вале ҳар гоҳе симои модару падарамро пеши рў меовардам, ҷигарам об мешуду мерехт. Танҳо Баҳрин маро аз ин фироқ раҳоӣ бахшид, баъди гузаштанаш фаҳмидам, ки танҳо ў маро мефаҳмиду халос. Пеши худ аҳд кардам, ки дигар ёди шавҳар намекунам ва писаракамро калон мекунам то фардо сояи болои сарам гардад. Хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази шаҳр, кори шоиста, кўмаки хешу табори ҳамсараму бародарони худам, аз чизе танқисӣ надоштам, ҷуз фироқи ёри дилбанд. Баъдҳо ба кори дигар гузаштам, писаракамро калон кардам, хонондам, соҳиби кор кардам. Мехостам духтараки қишлоқии хубе ёфта, келин кунам. Писарам ба падарам рафта буду хондани духтарро хуш надошт ва ҳамеша таъкид мекард, ки келине ёбам, ки нохонда бошад. Духтари бародари дуюмгиямро таги чашм карда будам, вале беҳуда намегўянд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл.

Келин аз кўҳистон

Бо як сафари корӣ ба ноҳияе рафтам, ки дар вақташ аз он ҷо волидони мо муҳоҷир шуда, ба водӣ омада буданд. Акнун роҳҳо каме таъмир шуда буданду баъзеҳо ба ватани бобоӣ кўчида, онро обод мекарданд. Баъди гузаронидани маҷлис бо занҳои хонанишин, ки дар кўҳистон хеле зиёданду мақсади ташкилоти мо ба кор таъмин намудани онҳост, як ҳамсинфам пешам омад. Онҳо оилавӣ кўчида, ба ин диёри кўҳистон омада буданд. Мо хеле сўҳбат кардему ў маро ба ҷону ҳолам намонда, ба хонаи худаш бурд. Чӣ қадар сўҳбат кардему рози дил гуфтем. Вақте ба ў гуфтам, ки писари ягонаам духтари қишлоқии нохонда мекобад, ў духтари апаашро пешниҳод кард, ки ҳамагӣ то синфи ду таҳсил карда будааст. Духтаракро дидам, сабзинаи хушқомати зебое буд, чун ба хонаашон меҳмон шудам, дастархони зебое оростанд ва ҳама чизи дастурхонро маҳсули дастони ҳамин духтар гуфтанд. Ман ўро чанд сурат гирифтаму вақте ба хона баргаштам, ба писарам нишон додам. Писарам ўро маъқул кард. Чун фаҳмид, ки намозхону Қуръонхон асту ҳамагӣ то синфи ду хондааст, “ҳамин духтарро мегирам” гуфт. Ман худам ҳам панҷ вақт намозамро тарк намекардам, Қуръонхониро бошад, падарам дар кўдакӣ ба ман омўхта буд. Хулоса, ҳама масъалаҳоро бо телефон ҳал кардему ман хонаамро фурўхта, ба болояш пул монда, ҳавлии зебоеро дар канори шаҳр харидорӣ намудам. Баъд арўсро тўй карда, ба хона овардам. Ҳавлӣ ду ошёна дошт, дар ошёнаи аввал се хонаву ошхона, дар ошёнаи дуюм ду хона, дар ҳарду ошёна ҳоҷатхонаву ҳаммом буд, чорбоғу гулзори назди ҳавлӣ ҳам хеле зебо буд. Ба келин гуфтам, ки кадом ошёнаро хуш дорӣ? Ў ошёнаи дуюмро пазируфту бо ханда гуфт:

- Холаҷон, филмҳои туркиро медидаму ҳавасам мерафт, Худоҷон оҳи дили маро шунида, чунин хонаву дарро насибам гардонид.

Ман ҳам гиребонамро гирифта, шукр мекардам.

(Давом дорад)

МАҲҶАБИН

Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД