Ҳафтае қабл дар сӯҳбати навбатии “Рӯ ба рӯ” меҳмони сомонаи “Оила”, сарояндаи шинохта Шабнами Тоҷиддин буд.
Шабнами Тоҷидддин дар рафти сӯҳбат қайд намуд, ки панҷ соли дар рӯи саҳна набуданаш ягон сирри пинҳонӣ надорад, чунки ӯ дар ин муддати дароз дубора модар шуду худро ба тарбияи фарзандаш бахшид. Бар замми ин овозхон ба оҳангсозӣ машғул шуда, барои чандин сарояндаҳои шинохтаи кишвар суруд омода намудааст. Шабнам зикр кард, ки дар ансамбли Сипар ба ҳайси овозхон кору фаъолият дорад ва чанд суруди нави хешро рӯзҳои наздик пешниҳоди ҳаводорони санъаташ карданист.
-Мехоҳед донед, ки Умар Зиёев дар бораи Шабнами Тоҷиддин чӣ гуфт?
-Шабнами Тоҷиддин аз кадом суоли журналист “без настроение” шуд?
-Суруди “Хуморибача”-ро Шабнам барои кӣ сароид?
-Мехоҳед донед, ки Шабнам имрӯз танҳо монд ё бо шавҳараш зиндагӣ дорад?
Ин ва дигар асрори зиндагии Шабнами Тоҷиддинро дар навори видеоии ютюб канали сомонаи “Оила” тамошо кунед!