Маҳмадулло нав ба синни 26-солагӣ қадам гузошта дар дил орзуҳои ширини зиёде дошт. Духтари моҳпайкареро самимона дӯст медошт. Дилдодагон мисли Лайливу Маҷнун ва Ширину Фарҳод ташнаи висол буданд. Волидони Маҳмудулло аз ишқи поки фарзандашон огоҳ шуда, бениҳоят шод гаштанд. Бехабар аз бозиҳои талхи қисмат ин падару модари орзупарвар бо дастурхони пур аз кулчаву тӯша ба хонаи духтари дӯстдоштаи писарашон хостгорӣ рафтанд ва ризоияти ҷониби қудоро гирифта, ҷавононро фотиҳа карданд. Маслиҳат пухта буд ва бояд баъди иди рамазон тӯйи арӯсиву домодии Маҳмадулло ва арӯси нозанинаш барпо мегашт, аммо...
Пӯшидани ҷомаи домодӣ ба Маҳмудуллои 26-сола насиб нагашт. Хонае, ки бояд тӯйхона мешуд, якбора мотамсаро гашт.
Ба ҷойи садои карнаю сурнай фазои хонаи падари Маҳмудуллоро садои ҷигарсӯзи нола ва во балам гӯӣ пур кард.
Хун мегирянд пайвандони ин ҷавони ормонӣ дар мотами шаҳбачаи номурод, зеро бо падару модар, бо хешу табор ва ҳатто бо арӯсаш видоъ накарда, Маҳмадулло рафт. Абадан рафт!
Савори корвони мошинҳои бо гулу лентаҳои рангоранг орододашуда не, савори аспи чӯбин рафт ин домоди ноком.
Ҷисми бе ҷони дар хуни худ ғарқи Маҳмадуллоро аз аскарӣ оварданд. Маҳмадулло зодаи ноҳияи Мӯминободи Вилояти Хатлон буда, мисли тамоми ҷавонмардони кӯҳистонӣ бисёр бачаи бо нангу номус буд ва дар муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сар зад, пайи дифоъ аз Ватан ҷон дод.
Ёдат ба хайру ҷоят боғи ҷаннат бошад, сарбози шуҷоъ!