tobiston
Серфарзандӣ хуб аст ё бад?
98

Мардуми мо серфарзанд буданро дӯст медоранд ва ин анъана аз гузаштагон мерос мондааст. Анъанаи серфарзандиро ба андешаи ман, қадимиҳо бо чанд сабаб риоя мекарданд, ки ҳамааш асоснок буд:

1. Дар гузашта аз сабаби набудани ёриҳои саривақтии тиббӣ муриши кудакон аз бемориҳо хеле ривоҷ ёфта буд ва онҳо аз рӯи масали “Аз бисёр як чӣ мемонад, аз кам ҳеҷ чиз” амал мекарданд;

2. Чун аксари кулли сокинон дар деҳот мезистанд ва барои кори саҳро дасти ёрӣ зарур буд, онҳо кушиш мекарданд, “дастёри” бисёр дошта бошанд;

3. Одамон хеле бо ҳамдигар меҳрубон буданду чанд оила метавонист дар як ҳавлӣ бе ҷангу ҷидол ва моҷаро зиндагӣ кунанду ҳама ба сарвари ягонаи оила, аксар вақт бобокалони худ итоат мекарданд...

Ин анъана ҳоло рӯ ба коҳиш овардааст ва ин боз ҳам сабабҳои худро дорад, ки ин аввалан, аз байн рафтани мушкилоти дар боло номбаркардаамон, яъне:

1. Бо рушди илми тиб фавти кӯдакон коҳиш ёфт;

2. Дар зиндагӣ “дастёрҳои” зиёде, аз қабили техника ва дигар масоиле пайдо шуданд, ки ниёз ба қувваи иловагии корӣ намонд;

3. Одамон нисбатан худхоҳ (эгоист) шуданд ва ҳар кас мехоҳад, ки танҳо бо оилаи худ ва дар шароити хуб зиндагӣ кунанд.

Хулоса чунин аст, ки бо пешрафти зиндагӣ ва тараққиёт дар ҷомеа чунин анъанаи серфарзандии гузаштагони мо низ рӯ ба коҳиш овардааст. Аммо садди роҳи чунин раванд шудан имкон надорад ва ин талаботи зиндагии имрӯза мебошад. Сари ин масъала мехостам андешаи дигаронро бифаҳмам.

А. ЗАВРОНӢ, ҷомеашинос

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД