Ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии китоб
Дуруст аст, ки тоҷикон аз қадимулайём китобро чун муъҷиза таги сари тифл дар гаҳвора мегузоранду бо китоб рафоқати зиёд доранд. Вале, ташкилу роҳандозии сабқати ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Сарвари давлат ин анъанаро боз ҳам равшантар ҷило бахшид.
Ҳусейн Ализода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, соли 2013 дар маркази ноҳия бинои зебое сохта, онро ба унвони китобхона ба мардум ҳадя кард. Бино ҷавобгӯйи замон буда, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин аст ва теъдоди зиёди китобҳоро он ҷо ҷамъоварӣ карданд.
Савринисо Ҳомидова, ки таҷрибаи 14 - солаи корӣ дошт, директор таъин шуд. Ӯ барои ҷалби хонандагон, хоса насли наврас, чорабиниҳои зиёд доир карду фонди китобхона соҳиби бештар аз 10 000 нусха китоб гардид.
Замони сарварӣ беҳтарин китобдорон дар гирдаш ҷамъ оварду тими воқеии фарҳангиёнро созмон дод. Тим тавонист дар муддати кӯтоҳ баробари иҷрои вазифаи хидматии худ, дар корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба масоили гуногун байни аҳолӣ саҳм гузоранд. Онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия рафта, бо хонандагон суҳбатҳо мегузаронданду робитаро идома медоданд. Натиҷаи ин буд, ки бо мақсади ҷалби хонандагон ба китобхонӣ якҷо чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаронда, теъдоди обунчиёнашонро афзуданд.
Савринисо Ҳомидова имрӯз саркитобдори Китобхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод аст. Ӯ гуфт, иқдомҳои Пешвои миллат боиси он гаштанд, ки таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба китобу китобхонӣ ба якбора зиёд шавад.
“Ҳатто пирону барҷомондагон тавассути фарзандону наберагон ба мо хабар мефиристанд, ки мехоҳанд фалон китобҳоро мутолиа кунанд. Аз ин ҳолат ба шавқ меоям. Худам китобро ба қайд гирифта, ба хонаашон бурда медиҳам ва мепурсам, ки ҳафтаи баъд боз кадом китобро дастрасашон кунам. Ҳамин дирӯз ба 6 нафар калонсол китоб бурда додам. Насли калонсол ба адабиёти бадеӣ шавқи бештар доранд” - нақл кард Савринисо.
Ӯ ба нуктаи дигар - таҳаввули тафаккури ҷомеа ва ба майдон омадани насли нав ишора карда, гуфт, “насли нав бештар китобдӯст аст, ҳатто аз калонсолон бештар ва таъкид кард, ки аз ин насл умеди зиёд дорад.
“Ман чандин соли умрамро ба китобдорӣ бахшидаам. Замони Шӯравӣ мардум зиёд китоб мехонданд. Як китоб даст ба даст мегашт. Чанд сол пештар дар ҳудуди деҳаҳо хонандагон ангуштшумор буданд. Шукр, сол то сол сафи китобхонҳо зиёд шуда истодааст”, - гуфт қаҳрамони мо.
Савринисо афзуд, ки барои харидани китобҳои тозанашр мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар сол дар доираи имконоти худ маблағ ҷудо менамояд ва онҳо бо муаллифон ҳамкорӣ карда, беҳтарин адабиётро вориди фонди худ менамоянд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод 15 китобхона фаъолият намуда, 1873 аъзо доранд. Дар фонди китобхонаи марказонидашудаи ноҳия 39 ҳазору 711 китоб мавҷуд аст. Аз ин шумора 25 ҳазору 711 нусхааш ба забони тоҷикӣ ва 13 ҳазору 489 нусхаи он ба забони русӣ буда, боқимонда китобҳо ба забони англисӣ, қирғизӣ ва узбекианд.
“Дар як моҳи охир 402 нафар узви китобхонаи мазкур шудааст. Дар китобхона шабҳои эҷодӣ, маҳфилҳои гуногун ва ҷамъомадҳои адабӣ баргузор мешаванд. Аъзои китобхона бештар хонандагони мактаб ва ашхосидорои касбу кори гуногун мебошанд. Маъюбон дар манзили истиқоматашон бо китоб таъмин мегарданд”, - гуфт Парвина Холова, директори китобхонаи марказонидашудаи ноҳия.
Зикр гардид, ки китобхона аз ду шуъба - калонсолон ва бачагона иборат аст. Фонди умумии китобҳои шуъбаи калонсолон аз 11651 нусха ва шӯъбаи бачагона бошад аз 5802 иборат аст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
Нурулло ҒАФФУРИЁН,
Душанбе – Тоҷикобод - Душанбе
Аз идора: Матлаби мазкур дар доираи сафари "Корвони иттилоотӣ"-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ба шаҳру навоҳии минтақаи Рашт омода шудааст.