Ноумедӣ
Савригул нав мактаби миёнаро хатм карда буд, ки хонаашон хостгорборон шуд. Пас аз андешаҳои зиёд падараш Муҳсин, ки марди бообрӯе буд, хостгории як хеши дурашро, ки аз худи шаҳри Истаравшан омада буд, қабул кард.
Ҳамин тавр Савригули нозанин аз хати кашидаи падару модар набаромада, бо розигии волидонаш ба писари амаки падараш ба шавҳар баромад.
Ҷавонон ҳарчанд бо ишқу ошиқӣ хонадор нашуда бошанд ҳам, рӯзи аввали зиндагӣ ба якдигар писанд афтиданд.
Шавҳараш Суҳроб ҷавони қоматбаланди паҳлавонҷусса буд ва чеҳраи бисёр зебо дошт. Ба назар чунин мерасид, ки Худованд ин ҷуфти муносибро барои якдигар офаридааст, вале…
Аз байн панҷ сол гузашту онҳо соҳиби фарзанд нашуданд, даҳ сол гузашт, фарзанддор нашуданд. Дар бадали ин солҳо зану шавҳар дари садҳо табибу духтури номдорро кӯфта бошанд ҳам, ниҳоли умрашон ҳеҷ бор намеовард.
Билохира ба тақдир тан дода, онҳо дигар дар ба дари табибу беморхона давиданро бас карданд. Ҳамин тавр аз байн ҳаждаҳ сол гузашт. Хешу табор ва ҳамсояҳо маслиҳат медоданд, ки ҷудо шаванд, вале Савригул шавҳарашро аз ҷонаш бештар дӯст медошту бе ӯ зистанро ҳатто тасаввур карда наметавонист, аз ҳамин сабаб ба тақдир тан дода, дар бораи бефарзандиашон ҳатто лаб намекушод. Ин зани пурсабру тамкин дар дил худ ба худ ҳамеша мегуфт, ки Худованд сахӣ аст ва албатта онҳоро аз беҳтарин неъматаш – фарзанд бенасиб нахоҳад монд.
Писари шавҳар
Дар ин миён хусуру хушдоманаш фарзандони Суҳробу Савригулро надида, аз ҷаҳон гузаштанд. Савригул тамоми маъракаҳои волидони Суҳробро бисёр бомаънӣ ва баобрӯ гузаронд, ки ҳамаи хешон аз ӯ розӣ буданду ба падару модари Савригул барои чунин фарзанди бо одобу бомаърифат ва пурсабру тоқат ҳазорҳо раҳмат мегуфтанд.
Як рӯз Савригул дар хона танҳо нишаста, дарз медӯхт, ки дарвоза кушода шуду хоҳаршӯяш Ойхон дар даст тифлаки парпеч вориди ҳавлӣ шуд. Савригул ҳайрон ба пешвози хоҳаршӯяш бархост.
-Янгаҷон, ман ба шумо кӯдак овардам. Гиред, бегона не, ин фарзанди худатон. Модараш ҳангоми таваллуд кардан аз дунё гузашт. Савригули моту ҳайрон ба рӯи хоҳарарӯсаш Ойхон нигариста, намедонист чӣ гӯяд.
-Гиред, гиред, гуфтам-ку ин кӯдак бегона не, фарзанди худатон аст, медонед падараш кист?-Пурсид Ойхон ва бо ҳамон оҳанги мағрурона худаш ба саволи худаш ҷавоб дода гуфт:
-Падараш шавҳари Шумо, Суҳроб - акоям!
Бо шунидани ин гап аз чашмони зебои Савригул қатраҳои ашк ҷорӣ шуд, зеро ӯ боварӣ надошт, ки Суҳроби азизаш рӯзе ба вай хиёнат карда, пинҳонӣ ба болояш зан мегирад. Ба хотири Суҳроб вай умри ҷавонашро барҳадар гузаронида, боре ҳам «фарзанддор нашудем, ман ба хонаи падару модарам меравам» нагуфт, вале маълум мешавад, ки ҳамааш беҳуда будааст…
Нони ба лаб норасида
Хиёнати Суҳроб мисли теғ аз устухонаш гузашта бошад ҳам, Савригул сир бой надода, бо чашмони пур аз ашк кӯдакро аз дасти хоҳаршӯяш гирифт. Тифлак бо чашмони пӯшида, даҳонашро кушода, пистони модар меҷуст. Маълум буд, ки сахт гурусна аст. Савригул дасту по хӯрда, чӣ кор карданашро надониста монд.
Ӯ беихтиёр синаашро бароварда, ба даҳони тифл гузошт. Тифл дар ҳақиқат гурусна будааст, вай аввал синаи бешири Савригулро сахт-сахт макид, вале чун аз он шир берун наомад, пистонро раҳо карда, боз чирросзанон ба гиря даромад.
Давом дорад