Arzon march 2024
Сарнавишти талхи зани носкаш Қисми 2
1816

Пас аз саволҳои беохири шавҳар зан дигар чӣ ҷавоб доданро надониста, лаҳзае хомӯш монд.

- Ҳа, мардакҷон, дирӯз акои Амирҷон барои гирифтани пули барқ омада буд ва шишаи носро болои миз дида, илтимос кард, ки халтачаашро пур кунад. Ман чизе нагуфтаму ӯ як халтачаро аз шишаи носатон пур карда, гирифта рафт,-дурӯғ гуфт зан ҷони худро халос карда ва афзуд,-нос, ҷони одам не-ку мардакҷон....

Обид “меҳрубонӣ”-и ҳамсарашро дида, об шуд магар, ки чизе нагуфту хомӯшона ба хона даромад, аммо акнун дили зани носкаш дар ларза буд: “Агар шавҳарам фаҳмад, ки ман нос мекашам, чӣ мешуда бошад? Мани бебахт боз ҳам бебахттар мешавам. Нозири барқ имрӯз ё пагоҳ боз ба хона меояд, мабодо шавҳарам пурсида монад, чӣ мешавад? Сирам фош шавад, ана баъд мушту лагаду... оқибат хонавайронӣ. Мардум фаҳманд, ки ман зан шуда нс мекашам, шарманда мешавам”-ин андеша пайваста дар сари Гулбаҳор чарх мезад.

Зан аз фикру хаёли зиёд хобу қарорро гум карда, ба хулосае омад, ки ба хонаи акаи Амирҷон рафта, асли воқеаро фаҳмонад. Нозири барқ низ ба хотири вайрон нагаштани оилаи онҳо розӣ шуд, то дурӯғ гӯяд, вагарна ӯ дар умраш носро ба даҳон набурда буд.

Ҳамин тавр баъди чанде марди ҳамсоя мушкили Гулбаҳорро осон кард. Акнун зан дигар аз носи шавҳараш намекашид, ӯ аз мағозае, ки дар наздикии хонаашон воқеъ буд, барои худаш нос мехарид. Ҳар вақте зани фурӯшанда носхарии ҳамсояашро медид, ҳайрон мешуд ва рӯзе тоқаташ тоқ шуд магар, ки савол дод:

-Ҳамсоя, барои кӣ нос мехарӣ?

-Барои шавҳарам, чӣ буд?

-Шавҳарат носро бисёр мекашидааст-да.

-Нагӯ, ҳамсояҷон, агар рӯзе носаш тамом шавад, вой бар аҳволи мо.

-Чӣ хел?

-Бо ману фарзандон ҷангу ҷанҷол бардошта, гапҳои қабеҳ мегӯяд.

-Наход, боварам намеояд, ки шавҳари ту марди дағал бошад.

Баъди каме хомӯшӣ зан суханашро идома дод:

-Дағал шавҳари ман, кораш ҳақорату гапи хубаш ҳақорат аст.

-Эй, ҳамсояҷон, хаёл мекунӣ, ки танҳо мардаки ту ҳақорат мекунад. Як маротиба ҳангоми хумори нос гирифтанаш омада, ҳамсояатро бин, девона назди ӯ ҳеҷ аст,- барои сафед кардани худ ва ошкор нагаштани носкашиаш шавҳарашро назди зани ҳамсоя бадгӯӣ мекард Гулбаҳор. Акнун ҳамарӯза “барои шавҳараш”аз мағозаи ҳамсоя нос гирифта, бар ивазаш картошка, пиёз, равған ва дигар маводи хӯрока оварда медод...

Агар рӯзе Гулбаҳор нос намекашид, гӯё чизеро гум карда бошад, ким чӣ хел саргардон менамуд. Ин одати бад ҳанӯз аз давраи наврасӣ дар ӯ пайдо шуда буд ва зан ҳеҷ онро партофта наметавонист. Аввалҳо пинҳонӣ нос мекашид, аммо вақте аҳли оила аз ин амалаш огаҳ шуданд, дигар ошкоро нос мекашидагӣ шуд. Борҳо падару модараш ӯро назди табибон бурда, роҳҳои аз ин амалаш даст кашиданро пурсон шуданд, вале бенатиҷа.

Обид рӯзе хаста аз кор баргашта, халтаи носашро холӣ пайдо намуд ва ба мағозаи ҳамсоя рафт.

-Биёед, ҳамсояҷон,-гуфт бо меҳрубонӣ зани савдогар.

-Ду халта нос диҳед ҳамсоя, ки бе нос намешавад. Ҳарчанд ҳаракат намудам, ки ин сабилмондаро дигар истифода набарам, нашуд...

-Дар як рӯз чанд халта нос мекашед, ҳамсоя?-савол дод фурӯшанда.

-Якто, чӣ буд?

-Пас, боз барои кӣ нос мегиред?

- Барои худам!

-Охир, ҳамсаратон субҳи ҳамин рӯз барои шумо ду халта нос харид-ку!

-Нафаҳмидам.

-Гулбаҳор ҳамин саҳар барои шавҳарам нос диҳед гуфта, ду халта нос харида бурд, аллакай онҳоро тамом кардед?

-Зани ман?-ҳайрон шуда, пурсид Обид.

-Бале.

-Вай ҳафтае ду–се маротиба омада, барои шумо аз мағоза нос мегираду ҷойи пул картошкаю пиёз, помидору бодиринг, наску нахӯд медиҳад. Магар халтаҳои носро ба шумо намедиҳад?

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД