Дирӯз сарбозони Украина як гурӯҳи калони гурезаҳоро, ки мехостанд ба Харков раванд, бераҳмона тирборон кардаанд. Дар ин бора РИА- Новости хабар додааст.
Тавре ки манбаъ аз қавли шоҳидони бевоситаи ин ҳодисаи хунин мегӯяд, гурезаҳо аз Волчанкс ба Харков рафтан мехостаанд, вале ҳангоми убур аз минтақае, ки зери назорати Русия қарор надошт, сарбозони Украина онҳоро бераҳмона тирборон кардаанд.
Аз рӯйи гуфти шоҳидони ҳодиса гурӯҳи калони гурезаҳоро, ки дар 34 мошин ҷойгир шуда буданд, сарбозони Украина дар ҳудуди деҳаи “Старый Салтов” мавриди тирборон қарор додаанд.
“Ба ғайр аз ронандагон дигар дар байни мо-гурезаҳо қариб, ки ягон мард набуд. Ҳама занону кӯдакони хурдсол буданд, вале сарбозони Украина ба сӯйи ин одамони бе пушту паноҳ бераҳмона аз силоҳҳои оташфишон оташ кушода, моро тирборон карданд. Ронандагон ба таҳлука афтода, мошинҳоро осемасар қафо гардонданд, вале 4 мошине, ки пешопеши калонна мерафтанд, дар натиҷаи тирборон ба пуррагӣ хароб гашта, чанд нафар захмӣ шуданд. Мо худро ҷонҳавл аз мошин берун партофта, гаваккашон рӯ-рӯйи замин мерафтем, вале сарбозони Украина моро ба ҳадаф гирифта, ҳамоно мисли селаи гургони гуруснае, ки сайди худро раҳо кардан намехоҳанд, ба сӯямон тир пайи тир мезаданад” –қисса кардааст як шоҳиди ҳодисаи хунбор.
“Дар пеши чашми ман бибиам аз тири сарбозони Украина ҷон дод. Кампири бечора аз сараш тир хӯрда буд, вале ҳанӯз ҷон дошт. Кӯшиш кардам, ки бибиамро наҷот диҳам, вале ин кор ба ман муяссар нагашт. Як зани дигар низ аз тири украинаҳо ба ҳалокат расид.Вай ба хотири наҷот додани гурезаҳо бо мошини худаш аз шаҳри Харков омада буд. Як духтарчаи 13 сола ҳам тир хӯрда дар ҷойи ҳодиса ҷон дод, модари он духтарак ҳоло захмӣ ва дар беморхона дар ҳолати вазнин аст. Занаки бечора ҳам аз китф, ҳам аз даст ва ҳам аз пояш тир хӯрда, захми кушода дорад, “-воқеаи даҳшатангези дар пеши чашмонаш рӯй додаро бо алам нақл кардааст ин шоҳиди ҳодиса.
Тахмин меравад, ки гурезаҳоро сарбозони амниятӣ ва баталиони “Кракен” тирборон намудаанд, ки аз ҳисоби бандиҳои тибқи қонуни авф аз зиндон озод гашта ташкил карда шудааст.