Мегӯянд, ки кӯдакони имрӯз ояндаи миллатанд, бобову бибиҳо дар тарбияи фардои миллат чӣ нақше доранд? Ба суоли мазкур бонуи нозанин, хушдомани меҳрубону бибии ҷавон, сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Сино Саодатхон Зуҳурова чунин ибрози ақида намуданд:
- Дар урфият мегӯянд, ки фарзанд бодом бошад, набера мағзи он аст, танҳо бо тавлиди набера мефаҳмем, ки ширинтар аз фарзанд танҳо фарзанди ӯст. Шукри Худовдани бузург, ман ду писару ду келин ва панҷ набера дорам. Дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ модаркалон ё ба қавли маъмул бибиҳо дар тарбияи набераҳо нақши калидӣ доранд. Зеро келинҳо аз пайи кору бори зиндагӣ мешаванду набераҳо бо модаркалон мемонанд. Аввалин коре, ки модаркалони хирадманд мекунад, фароҳам овардани фазои амну ором дар хонавода аст. Кӯдаконе, ки дар оилаҳои орому бидуни хушунат ба воя мерасанд, хеле хушбахтанд. Барои хушбахтии наберагонамон бояд аз айёми хурдии падару модаронашон замина фароҳам орем. Масалан, писарони худро тавре тарбия намоем, ки ба занони худ эҳтиром дошта бошанд. Вақте набераҳо тавлид мешаванд, аз рӯзҳои аввал ёвару мададгори келин будан даркор, ба вай чӣ гуна нигоҳубин кардани кӯдакро нишон додан лозим аст. Дахолати зиёд ва пуштигириҳои баҳудаву беҳуда кӯдакро эрка мекунад, дӯст доштану муҳаббат додан ба набера дигару эрка кардан дигар аст. Бибиҳои мо дар вақташ ба мо афсона нақл мекарданд, чун калонтар шудем, меҳнат карданро ёд медоданд. Барои ҳавасманд шудан барои ин ё он кори хубамон моро бо тӯҳфаяке хушнуд мекарданд ё таърифу тавсиф мекарданд. Мо ҳам бояд ҳамон таҷрибаҳоро дар тарбияи набераҳо ба кор барем. Кӯдакони даврони Истиқлол насли хушбахтанд, барои онҳо боғчаву мактабу марказҳои омӯзишиву толорҳои варзишӣ, маконҳои истироҳатӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамаи инро ба кӯдаакон фаҳмонида, шукргузориро омӯзонидан лозим аст, то ки оянда дар ободонии Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Кӯдакони имрӯз хеле доноянд, онҳо зодагони асре ҳастанд, ки онро асри инқилоби технологияи навин меномад. Мо калонсолон низ бояд кӯшиш кунем, ки дар дили онҳо ҷо гирем, сӯҳбату муносибатамон бо онҳо шавқовар бошад. Волидони ҷавонро лозим аст, ки бештар омӯзанд, то гуфтугӯяшон бо фарзандон завқовар бошад, ҳаваси онҳоро бедор созад. Барои бибиву бобоҳо тани сиҳату зиндагии хуби фарзандону набераҳо орзуи ҳамешагист.