Ҷон дар бадани одамизод амонати худованд буда, ғайр аз Офаридгор дигар ҳеҷ кас ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки қасди рабудани онро намояд. Тақдир чӣ рӯзҳои сахту талхеро, ки бар сари бандаи хокӣ набиёрад, инсон ба ҳеҷ васила ҳақ надорад, ки ба амонати Парвардигр хиёнат карда, ба хотири раҳоӣ аз душвориҳои зиндагӣ кӯшиш ё сайъи буридани риштаи ҷони худро намояд.
Тибқи оятҳои китоби муқаддас худкушӣ дар назди Аллоҳ аз зумраи бузургтарин гуноҳон ба шумор меравад ва афроди даст ба худкушӣ зада, баъди марг ба азоби алим гирифтор хоҳанд гашт. Ин нуктаҳоро ҳар як фарди мусалмон медонад, аммо новобаста ба ҳама таъкидҳои диниву инсонӣ дар бораи манъ будани худкушӣ ҳатто дар замони муосир шахсоне пайдо мешаванд, ки бо сабабҳои гуногун даст ба ин амали нораво ва мамнӯъ мезананд. Дар арафаи иди саиди фитр боз як ҳодисаи худкушӣ ба вуқуъ пайваст.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додааст, дар ноҳияи Сангвор як зани 46-сола бо мақсади худкушӣ худро ба коми амвоҷи пуртуғёни дарёи Хингоб ҳаво додааст. Зани даст ба худкушӣ зада сокини деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор будааст. Хешовандонаш иллати худкушии ин зани 46-соларо дар бемории рӯҳӣ доштанаш маънидод намудаанд, вале сабаби аслии худкушӣ кардани зан маълум нест.
Ин нахустин ҳолати худкушӣ кардани зан набуда, солҳои охир чунин ҳодисаҳои нохуш рӯ ба афзоиш овардаанд. Иддае аз занон ҳатто худро бо фарзандони ноболиғашон ба марг маҳкум менамоянд, ки ин хеле нигаронкунанда аст. Хушунату зӯроварӣ дар хонавода, ҷанҷолҳои пай дар пайи оилавӣ, дахолати хусуру хушдоман, додаршӯю хоҳаршӯй ва дигар аъзоёни хонавода ба зиндагии оилавии ҷавонон, мушту лагади шавҳар, рашк ва дузанагию сезанагии мардон аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани занони тоҷик ба шумор мераванд.