Muhojirati behatar
Санги талхадон дар зани ҳомила чӣ хатар дорад?
368

 

Чанд вақт боз тарафи ростам дард мекунад ва баъзан хӯроки хӯрдаамро қай мекунам. Духтури минтақавиамон тавсия дод, ки аз ташхиси ултрасадо гузарам. Маълум шуд, ки дар талхадонам сангҳои зиёди майда-майда пайдо шудаанд. Табибон ба ман ҷарроҳӣ карданро тавсия додаанд, вале бибиам “духтари ҷавонро зери теғи ҷарроҳӣ хобонда, ҳайф накунед, охир сангро бо гиёҳҳо ҳам резонда мешавад” гӯён, падарамро аз роҳ зада истодааст. Илтимос, дар бораи санги талхадон каме маълумот диҳед, то ман ва волидонам фаҳмем, ки ин беморӣ то кадом андоза хатарнок аст.

Анварбӣ, аз ш. Кӯлоб.

Барои ба саволи хонандаамон ҷавоби дақиқ гирифтан мо бо табиби ҳозиқ, Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ ва эндоҷарроҳии Донишкадаи таҳсилоти баъди дипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ҷойгир аст, ҳамсӯҳбат гаштем.

-Солҳои охир шумораи гирифторони бемории санги талхадон якбора хеле афзудааст. Мегуфтед, ки аслан санг дар талхадон аз чӣ пайдо мешавад?

-Сарчашмаи асосии пайдоиши сангҳо дар талхадон ин вайрон шудани мубодилаи холестирин ва дигар моддаҳои дар организми инсон мавҷудбуда мебошад, ки ба вайроншавии гомеостаз вобастагӣ дорад. Вайроншавии худи талха (застой желчи) ва ба илтиҳоб гирифтор гаштани девораҳои талхадону роҳҳои талхагузар, ҳамчунин вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва якбора паст ё баланд шудани ҳормонҳо дар ҷисми инсон боиси аз холестерин ва намакҳои гуногун пайдо шудани сангҳо дар талхадон мегардад.

-Аз рӯйи кадом аломатҳо фаҳмидан мумкин аст, ки дар талхадон санг пайдо шудааст? Ин беморӣ ягон нишонаи хос дорад ё не?

-Маъмулан санги талхадон дар оғози пайдоиш қариб, ки бе нишона ҷараён мегирад, вале ин хомӯшии пеш аз тӯфонро мемонад. Вақте ки беморӣ авҷ гирифта, сангҳо роҳҳои талхадон ва талхагузарро банд месозанд, дарди хеле шадид беморро азият медиҳад. Маъмулан дард бештар дар зери қабурғаи рост эҳсос мешавад ва дар қисмати болои шикам низ дарди нороҳаткунанда маризро азоб медиҳад. Ҳангоми хурӯҷи дарди талхадон, ба ғайр аз дарди сахт дар нимаи рост, яъне дар ҳамон мавзее, ки талхадон ҷойгир шудааст, ҳамчунин дилбеҳузурӣ сар шуда, бемор пай дар пай қай кардан мегирад. Ин бисёр ҳолати тоқатфарсо буда, бар асари дарду қайкунию дилбеҳузурӣ мариз зуд хаставу бемадор мешавад...

-Санги талхадон дар мардон бештар хатарнок аст ё дар занон?

-Ин беморӣ ҳам барои мард ва ҳам барои зан хатарҳои муайян дорад, вале барои занон, махсусан барои занҳои ҳомила хатараш бештар аст.

-Чаро?

-Гап дар сари он аст, ки агар талхадони зан санг дошта бошад ва дар моҳҳои охири ҳомиладорӣ, яъне дар 7-8 моҳагии тифли батнаш дарди талхадонаш якбора хурӯҷ кунад, дар ин ҳолат бо усули замонавии видео-лапароскопия ҷарроҳӣ карданаш қариб номумкин мегардад. Табибон маҷбур мешаванд, ки бо усули муқаррарӣ, яъне бо буриши калон зани ҳомиларо ҷарроҳӣ намуда, талхадонашро бигиранд. Албатта ин ҳам барои зан ва ҳам барои тифли батнаш хавфнок буда, баъзан оқибатҳои нохушро ба бор меорад.

-Барои пешгирии чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард?

-Аслан ҳар як инсон бояд соле ақаллан як маротиба аз ташхиси пурра гузашта, аз вазъи саломатии худ бохабар гардад. Аз ҳамин хотир, ман ҳамчун табиб ба занҳое, ки нияти фарзанд таваллуд карданро доранд, маслиҳат медиҳам, ки пешакӣ аз ташхис гузаранд ва дар сурати дар талхадонашон мавҷуд будани санг, аввал ин мушкилро ҳал карда, баъдан ҳомиладор шуданро ба нақша гиранд ва дар фикри тавлиди фарзанд афтанд. Набояд фармӯш кард, ки саломатии тифле, ки зан ба дунё меорад, пеш аз ҳама ба саломатии худи модар вобастагӣ дорад. Зан, агар худаш солим бошад, фарзанди солим ба дунё меорад.

-Бисёриҳо бар он андешаанд, ки санги талхадон чандон бемории хатарнок нест ва сангҳоро бо нӯшидани гиёҳоб ва давоҳои табиӣ низ резондан мумкин аст...?

-Ин усули табобат ва ҳамчунин табобат бо дорувориҳои ҳаббӣ (таблектаҳо) низ вуҷуд дорад, лекин роҳи асосии халосӣ аз санги талхадон дар тамоми олам ин ҷарроҳӣ аст. Гап дар сари он аст, ки табобат накардани санги талхадон метавонад боиси гирифтор шудани инсон ба боз як бемории дигар-панкреатит гашта, ғадуди зери меъда низ зиён бинад. Ба ғайр аз ин, дармондани санг дар роҳҳои талхагузар боиси оризаҳои вазнин аз қабили зарпарвини механикӣ гашта метавонад. Ин як. Дуюм: вақте ки талхадон санг дорад, ин боиси илтиҳоб мегардад ва хурдтарин ноҷурӣ, масалан хӯрдани хӯрокҳои сахту бирёнӣ, нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ё анҷом додани ягон кори вазнини ҷисмонӣ боиси хурӯҷи дард (приступ) гашта метавонад. Табобати холецистити шадид бидуни ҷарроҳӣ имкон надорад ва дар ин ҳолат мо, табибон маҷбур мешавем, ки маризро фавран ҷарроҳӣ намоем.

-Санги талхадонро дар шароити хона, яъне мустақилона табобат карда мешавад?

-Ман ҳамчун табиб худтабобаткуниро зимни санги талхадон маслиҳат намедиҳам. Чаро? Аввалан, вақте ки дар талхадон санг вуҷуд дорад, сарфи назар аз он ки як санги калон аст ё сангҳои хурд-хурди бисёр, холециститро ба пуррагӣ табобат кардан имкон надорад, баъдан, вақте бемор барои резондани санг ягон гиёҳоб менӯшад, сангҳо майда шуда, хавфи рафтани санг ба роҳҳои талхагузар ва дармондани санг ба миён меояд. Ин бисёр хатарнок аст, чунки бемор метавонад бар асари дармондани санг дар роҳҳои талхагузар ба зардпарвини механикӣ гирифтор шавад. Дармондани санг дар роҳҳои талхагузар ҳатто боиси марги инсон гашта метавонад, агар марзиро пайвандонаш сари вақт ба беморхона наоранд ва амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида нашавад...

-Рост аст, ки агар санги талхадонро сари вақт табобат ва ҷарроҳӣ накунанд, касро ба бемории саратон гирифтор карда метавонад?

-Бале, мӯҳлати дуру дароз ба девораҳои талхадон фишор овардани сангҳое, ки дар талхадон ҷамъ шудаанд, боиси захмӣ шудани ин узв ва ба саратони талхадон гирифтор шудани бемор гашта метавонад, бинобар ин, бо пайдо шудани санг дар талхадон ҳатман ба табибон муроҷиат намудан лозим аст.

-Чаро вақте, ки дар дигар узвҳо, масалан дар гурдаи одам санг пайдо мешавад, ҳангоми ҷарроҳӣ танҳо сангро мегиранд, вале вақте дар талхадон санг пайдо мешаванд, худи талхадонро ба пуррагӣ бурида мепартоянд?

-Холецистэктомия, яъне гирифта партофтани талхадони сангдошта амали зарурӣ аст, чунки сабаби беморӣ на санг, балки худи талхадони ба беморӣ мубтало гашта мебошад. Санги талхадонро гирифта партоянд ҳам, баъди чанд вақт дар талхадони бемор сангҳои навбатӣ пайдо шуда метавонанд, барои ҳамин ин узви маризро ба пуррагӣ гирифта мепартоянд, то ки дигар беморро азият надиҳад.

-Ҷарроҳии талхадон то кадом андоза хатарнок аст?

-Пештар вақте ки дар талхадон санг пайдо шуд, бо усули муқаррарӣ ҷарроҳӣ гузаронида, қисмати зиёди шиками беморро чок мекарданд, вале имрӯз илми тиб пеш рафта, бештар аз видеолапороскопия истифода мебаранд. Амалиёт камтар аз як соат давом мекунад ва табиби ҷарроҳ бо буришҳои хурд талхадонро гирифта мепартояд. Ин ҷарроҳӣ қариб бехатар буда, бемор дар муддати кӯтоҳ шифо меёбад.

-Пас аз ҷарроҳӣ чӣ бояд кард?

-Бемор бояд баъди ҷарроҳӣ ҳамагӣ 2-3 моҳ аз хӯрдани ғизоҳои сахту бирёнӣ парҳез карда, корҳои вазнинро анҷом надиҳад, баъди ин метавонад ҳаёти муқаррарӣ ба сар барад.

-Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба шахсоне, ки аз санги талхадон азият мекашанд?

-Саломатии ҳар як инсон пеш аз ҳама дар дасти худи ӯст, бинобар ин, бепарвоӣ накарда, сари вақт ба табибони ҷарроҳ муроҷиат намоянд.

-Барои сӯҳбати муфид ба шумо як ҷаҳон ташаккур!

Ф. Сатторӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД