Кӯдакони оилаҳои муҳоҷир шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 танҳо тариқи имтиҳоноти тестӣ ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд. Дар ин хусус расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд.
«Рособрнадзор» алакай омодасозии маводҳои методиро барои имтиҳоноти тестӣ ба охир расонидааст. Имтиҳони тесӣ барои кӯдакони муҳоҷир дар муассисаҳои давлатии Русия ба таври ройгон гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз ҷорӣ намудани усули нави имтиҳон фаҳмидани сатҳи дониши кӯдакони муҳоҷир ва мусоидат намудан ба воридшавии муваффақонаи онҳо ба ҷараёни таълим дар Русия мебошад.
Тибқи маълумотҳои Вазорати маориф ва илми Русия ҳамасола ҳудуди 155 ҳазор кӯдакони оилаҳои муҳоҷир ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд.