Formula novemver 2024
Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламо: Қурбонӣ ҳам ба мард ва ҳам ба зани сарватманди мусалмон воҷиб аст!
695

Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламо:

Қурбонӣ ҳам ба мард ва ҳам ба зани сарватманди мусалмон воҷиб аст!

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!

Сароғоз кулли ҳамватанони азизро бо фарорасии иди саиди қурбон муборакбод мегӯем ва дуо мекунем, ки Худованди бахшояндаву меҳрубон ба мову шумо тавфиқи анҷоми амалҳои некро дода, қурбоониамонро ба даргоҳи худ қабул гардонад!

Бояд донист, ки ибодатҳое, ки дини мубини ислом ба бандагони Худо муқаррар кардааст, баданӣ ва молӣ ҳастанд. Намозу рӯза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: 

“Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ӯ қурбонӣ кун”. (“Кавсар”; 2)

Чун қурбонӣ ибодати молист, дар дини ислом ҷойгоҳи хосса дорад. Қурбонӣ яке аз шиорҳои ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим (а) ҷонвареро сидқан барои ризои Худо забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: 

“Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорвои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорвои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа)

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) мефармояд: 

“Пайғамбари Ислом (с) баъди ҳиҷрати худ аз Маккаи мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд”.

Қурбонӣ мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) амали воҷиб аст. Он барои шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд, яъне касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ боз соҳиби 21000 сомонӣ бошанд. Фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.

Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи зулҳиҷҷа аст, ки имсол ба рӯзҳои 9, 10 ва 11-уми июл рост меояд. Поёни вақти қурбонӣ ғуруби рӯзи сеюм аз айёми ташриқ, яъне рӯзи 12-уми зулҳиҷҷа, мутобиқ ба рӯзи 11 –июл мебошад.

Шахс имкони рӯзона қурбонӣ кардан надошта бошад, дар шабҳои ин айём қурбонӣ кунад ҳам ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардани чорвои қурбонӣ афзалтар аст.

Тибқи дастуроти шариати ислом ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ ибодати ҷудогона буда, аз рӯи тартиб бояд пас аз адои намози ид анҷом дода шавад. Аз Ҷундуби Баҷалӣ (р) ривоят аст, ки фармуд: “Ман рӯзи иди Азҳо ҳамроҳи Паёмбари акрам (с) намоз гузоридам. Паёмбар (с) баъд аз намоз хутбае хонда фармуданд: 

“Касе, ки қабл аз намоз қурбонӣ намудааст, ба ҷойи он дубора қурбонӣ кунад ва касе, ки қурбонӣ накардааст, барои ризои Худо қурбонӣ кунад”. (Ривояти Муслим).

Агар дар як хона чанд бародар якҷо зиндагӣ кунанд ва ҳамаашон соҳибнисоб бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб буда, ҳама дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд.

Бархе аз мардум фикр мекунанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд. Ин андеша ғалат аст ва асоси шаръӣ надорад, зеро шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватманд будан аст.

Нафаре, ки аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд арзиши моли қурбониро ба муҳтоҷон, ятимон ва камбизоатону бесарпарастон садақа намояд.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: 

«Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ розӣ кардани вай бошад, маро розӣ кардааст, ҳар касе маро розӣ  кунад, Худовандро розӣ кардааст ва ҳар касе Худовандро розӣ кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

    Ҳамон тавре ки аз ин ҳадис маълум мегардад, эҳсону некӣ ба ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ба ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст. 

Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли нек ва дар иҷрои ин ибодати молӣ имкониятро насиб гардонад.

 Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД