Бриар Норман маъруфтарин саги шаҳраки Кантон дар иёлати Ҷорҷияи Амрико ба ҳисоб меравад. Сабаби шуҳрат ёфтани ҷонвар дар он аст, ки саг рондани скутерро ёд гирифтааст.
Ҷонвар натанҳо тавозунро нигоҳ медорад, балки ҳатто аз бештари рақибонаш дар сабқатҳо пеш мегузарад. Вақте ки Норман ҳамагӣ 15-моҳа буд, аллакай чор маротиба ғолиби мусобиқаҳои сагҳо бо номи «Companion Dog Title» (Унвони Саги Ҳамсафар) гардида буд.
- Бори аввал вақте кӯшиш кард савори скутер шавад, бо суръати баланд ба замин зад. Баъд аз ин ҳодиса, як моҳ натавонистам ӯро водор кунам, ки дигарбора ба скутер савор шавад. Аммо акнун ҳар рӯз бо хушҳолӣ скутер меронад,- нақл мекунад Карен Кобб, соҳибаш дар барномаи телевизионии Дэвид Леттерман.
Бриар - як намуди саги чӯпонӣ аз Фаронса мебошад. Ин навъи саг аз асри XII маълум аст. Шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди Наполеон ва Томас Ҷефферсон чунин сагҳоро нигоҳ медоштанд. Ба қаламрави Русия охири солҳои 1980-ум оварда шуд. Соли 1992 клуби махсус барои ин зот таъсис ёфт.