Сафармоҳ Дайриева баъд аз ҷарроҳии меъда имконияти кор карданашро якбора аз даст дод. Ҳоло ӯ бо ҳафт писар дар як хобгоҳи фарсудаи шахсии пойтахт зиндагии фақирона дорад.
Шавҳараш ҳам шуғли муайян надорад ва барои дарёфти рӯзӣ дар мардикорбозори назди “Султони Кабир” соатҳо навбат пойида, ҳамчун кирокор дар хонаи сокинон кор мекунад. Гоҳи дигар ҳамсояҳо ба ӯ ёрӣ мекунанд. Баъзан рӯзҳо чун кори шавҳараш омад намекунад ҳамроҳи фарзандон гурусна мегардад.
Ин зани ниёзманд пештар корҳои майда – чуйда мекарду дар баробари шавҳар ноновари хона буд, вале нишастан дар рӯ оҳани хунуку хӯрдани таомҳои сахт ӯро гирифтори бемории саратон кард.
“Давоми 1 сол мешавад, ки модарамро нигоҳубин мекунам. Пештар аз ман бибиам ӯро нигоҳ мекард, аммо 1 ҳафта пеш ӯ касал шуд ва тағоиҳоям ӯро ба деҳа бурданд”, - мегӯяд писари ӯ Хисрав, ки як сол боз ба нигоҳубини модар машғул аст.- Барои Шумо кӣ хӯрок мепазад?
Вақте аз ӯ пурсидем, ки “Дар хонаатон ки хӯрок мепазаду либос мешӯяд?”бо зиқӣ “ман хӯрок мепазаму акаам либос мешӯяд” гуфт.. Ин оилаи зор сарпаноҳ надоранд ва 10 сол боз дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд.
НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛАИ НИЁЗМАНД КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ ЗЕРИН ЗАНГ ЗАНАНД: 918-28-91-23