“Писарам, аввалаш ин ки нисфи чизу чорае, ки дар рӯйи дастурхон мебинӣ, аз бозор не, аз боғи худамон аст, ҳатто гӯштро ҳам пул дода нахаридем.
Аз раҳматӣ мӯйсафедам голу моли зиёде монда буд, нисфашро фурӯхта бошем ҳам, нисфи дигараш ҳанӯз ҳаст. Чорвои худамонро кушта, зиёфат оростем. Шумо барои ман ин қадар ташвиш кашидед, бе пул маро ҷарроҳӣ кардед ва ҳатто ба хонаи худатон бурда, чанд рӯз меҳмондорӣ кардед. Як табақ хӯрокро пеши чунин инсони дарёдил гузоштан дар ҷавоби некиҳои аз шумо дидаам чизе нест!”
Духтарчаи хурдии Самад, ки бисёр кӯдаки зирак ва кунҷкоб буд, ҳайрон-ҳайрон ба атроф нигариста пурсид:
-Дадаҷон, мо ба куҷо омадем? Ин хонаи кӣ аст? Магар инҳо хешу таборамон мешаванд, ки ба хонаашон меҳмонӣ омадем?
-Духтарам, мо ба ҷойи бегона не, ба хонаи бобои раҳматиат омадем. Падари ту 35 сол пеш дар ана ҳамин хона ба дунё омада буд,-сари духтарчаашро сила карда, бо табассум ҷавоб дод Самад.
Бо шунидани ин гап кампирро гӯё барқ зада бошад, дар ҷояш шах шуда монд. Писарони соҳибхона низ бо шунидани ин суханон ба қавле пакар шуда, бо ҳайрат ба меҳмон менигаристанд.
-Гуфтам-ку чеҳраи ин ҷавон ба назарам бисёр гарму шинос метобад, охир ин Самади худамон аст. Қурбонат шавам, бачаҷон! Чандин сол шуд, ки дидори туро орзу мекардам. Шукр, ки намурда ба дидорат раисдам. Ману модарат дугона будем. Раҳматӣ модарат аҷаб зани дасткушоду дарёдиле буд. Падарат ҳам инсони биҳиштӣ буд, лекин тақдири бераҳм нагузошт, ки аз зиндагӣ осоянд. Ту ҳам ба падару модарат рафтаӣ, беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки “мева аз дарахташ дур намеафтад”, чашми волидонат, ки сер буд, чашми ту ҳам сер аст”. Дар зиндагӣ ранҷу азоби зиёд кашида бошӣ ҳам, одаму одамигариро фаромӯш накардаӣ,-инро гуфта, зани калонсоле, ки пештар ба гӯши ҳамсояаш пичир-пичиркунон "чеҳраи ҳамин ҷавон ба назарам бисёр гарм метобад, хаёлам, ки ӯро пештар дар куҷое дидаам" мегуфт, аз ҷояш бархоста, ба шеваи занони деҳот аз китфони Самад бӯсида, ӯро зиёрат кард.
Ҳама лолу ҳайрон монда буданд, фақат соҳибона ва писаронаш бо рангу рӯйи парида ба меҳмон менигаристанд ва намедонистанд чеҳраи аз шарму ҳаё суп-сурх шудаи худро чӣ тавр пинҳон кунанд. “Беҳуда ин духтур ба ман ин қадар некӣ накарда будааст. Писари шавҳарам будаасту ман бехабар. Дар вақташ ман ин бачаро ба хона роҳ надода, падарашро маҷбур кардам, ки ӯро бурда, ба сағерахорна супорад, вале тақдирро бин, ки дар ятимхона ба воя расида, вай одами калон-духтур шудааст, бачаҳои эркаю нозпарварди ман бошанд, бе савод монда, пуле намеёбанд, ки барои фарзандонашон нон харанд. Аҷаб дунёст ин дунё, дар вақташ ман ба ин бача фақат бадӣ кардам, аммо дар ҷавоб вай ба ман некиҳои бисёре карда, ҷонамро аз панҷаи марг наҷот дод. Ҷавоби некӣ бадӣ аст мегуфтанд, вале бар ивази бадӣ ҳам одамон ба одамон некӣ мекардаанд” мегуфт худ ба худ моиндари Самад....
Анҷоми қисса