Садамаи мудҳиш баъди соати 21:00-и рӯзи якшанбе 11 апрел дар наздикии деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат рух додааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, садамаи мудҳиш дар натиҷаи бархӯрди мошини боркаши Камаз ва Опел рух додааст. Шоҳидон теъдоди қурбониёнро 6 нафар мегӯянд, аммо мақомот расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки миёни ҳалокшудагон 4 мард 1 зан ва як кӯдак низ будааст.
Шоҳидон мегӯянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ феълан дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол садамаро шарҳ надода, иттилои дақиқ дар бораи омилону қурбониёнаш ироа нашудааст.
Дар сурати дастрас шудани иттилои бештар дар сомонаи "Оила" нашр хоҳад шуд.
САРЧАШМА "СПУТНИК.ТЧ"