Arzon march 2024
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хӯҷанд
6942

Мардуми Водии Зарафшон рубоии машҳуре доранд:
Аз ағба фаромадаму нолиш кардам,
Сангои дари хунета болишт кардам.
Воқеан, сафар кардан бо роҳи кӯҳии мисли мор печидаи Суғд, хоса гузаштан аз байни қуллаҳои сар ба фалак кашидаи ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон кори саҳлу осон нест. Пештар мардуми кӯҳистон ҳар гоҳ азми ба сафар баромадан намоянд, ба қавле “аввал калимаашонро арза карда”, васияту насиҳаташонро бо аҳли байти худ мекарданду баъд ба роҳ мебаромаданд, зеро хуб медонистанд, ки роҳи ағба биёр душворгузар буда, эҳтимоли гирифтор шудан ба садама ё таги тарма мондан дар ин роҳи печида хеле зиёд аст.
Хушбахтона, бо шарофати истиқлолият ин роҳ хеле обод гашта, нақбҳои Анзоб ва Шаҳристон бо сифати хуб сохта шуданд ва мушкили мусофирон осон гашт, аммо ҳанӯз ҳам ин роҳи сархӯр ҳамасола ҷони даҳҳо одамони бегуноҳро мерабояд. Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи марговар дар ин роҳ хабар додааст.
Дониёр Пӯлодов сокини шаҳри бостонии Истаравшан буда, ҳамагӣ 35-сол дошт. Ин ҷавонмарди нексиришт дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде мепарварид, вале аждари марг дар як лаҳза ин ҷавони ормониро ба коми худ фурӯ кашида, ба олами нестӣ бурд. Риштаи ҷони ҷавони Дониёр бар асари як садамаи марговар ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 9-уми октябр, тахминан соатҳои 15:30 сар зада, Дониёр ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич қудрати идора кардани мошинро аз даст дод ва “Опел-Астра-и ӯ ба як мошини тамғаи «ВАЗ-2106» бархӯрд.
Дар натиҷаи ин садамаи сархӯр мусофирони дар мошин нишаста Искандар Азизов ва Саидумар Музаффаров ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол ёфтанд, худи ронандаи “Опел” Дониёр Пӯлодов бошад, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Фарзандони Дониёри ҷавонмарг аз меҳри падар якумра маҳрум гашта, ҳамсари ҷавонаш бева монд, қомати падар бишкаставу хоҳару бародарон дар сӯги фарзанди падар хун мегирянд, дар дили модари зор бошад, ин садама доғи сӯзоне гузошт, ки то нафаси охирин шифо нахоҳад ёфт...
Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бар асари барфу боронҳои шадид ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок душвортар гашта, шумораи садамаҳои нақлиётӣ меафзояд. Бадбахтона, аксари ин садамаҳо бо талафоти ҷонӣ анҷом меёбанд.
Аз ҳамин хотир мо аз тамоми шахсоне, ки сари чамбараки мошин менишинанд ва нияти бо ин роҳ ба сафар баромадан доранд, хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳ бисёр эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу зиндагии дигаронро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД