Arzon march 2024
Рустам Ятимов бо Дастаи мунтиахаби Тоҷикистон хайрбод гуфт
1099


Дарвозабони машҳури тоҷик Рустам Ятимов аз Тими мунтахаби Тоҷикистон ба Премер лигаи футболи Русия дастаи «Ростов» гузашт.

Рустам Ятимов бо дастаи Ростови соҳили Дон, ки онро мураббӣ Валерий Карпин роҳбарӣ мекунад, қарордод бастааст. Маблағи трансфери дарвозабон расман эълон нашудааст, аммо тахмин меравад, ки зиёда аз 250 000 долларро ташкил медиҳад.

Қаблан Transfermarkt арзиши ин бозигарро 1,2 млн доллар муқаррар карда буд.

Ёдрас мешавем, ки Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард. Вай дар 92 бозии ин даста ширкат намуда дар 39 бозӣ ба дарвозаи худ гол сар надодааст.

Ятимов дар ин муддат бо “Истиқлол” шаш бор чемпиони Тоҷикистон, чор бор соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шудааст. Бо ин даста ба марҳилаи ҳаштякфинали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифта буд.

Рустам Ятимов дарвозабони асосии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон буд ва дар 44 бозии даста ширкат варзидааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД