Ҳомиладорӣ давраи нозук аст ва ҳар баҳона метавонад сабабгори исқоти ҳамл гардад. Агар хатар то ҳафтаи 28-уми ҳомиладорӣ сар занад, онро исқоти ҳамл мегӯянд, вале баъди ҳафтаи 28-ум пайдо шавад, онро таваллуди пеш аз муҳлати тифл меноманд, аммо ҳарду ҳолат ҳам барои ҳаёти модар ва кӯдак хатарнок мебошанд.
Бемориҳои вирусӣ, тағирёбии ҳолати гормонӣ, стресс ва иштибоҳоти зиёд дар рафти ҳомиладори боиси қатъ гаштани ҳолмиладорӣ ва сар задани хатари исқоти ҳамл гашта метавонад.
Нишонаҳои исқоти ҳамл ва таваллудшавии бармаҳали кӯдак инҳоянд:
- дарди кунд дар поёни шикам ва миён;
- тонуси аз меъёри зиёди бачадон;
- рафтани хун ва ё хуни сиёҳ (хуни ҷамъшуда) аз роҳи узви ҷинсӣ;
Сабабҳо:
- дард дар қисмати поёни бадан ба дарди ҳайзбинӣ монандӣ дорад. Сабаби сар задани дард дар он аст, ки кашишхурии мушшакҳои бачадон ҳангоми исқот пайдо мешавад. Модар набояд нисбати саломатии худ ва тифли батнаш бепарво бошад ва бо ҳис кардани дард ва ҳолати ногуворе, ки аз бадшавии вазъияти саломатии худаш ва тифле, ки дар шакамаш аст, дарак медиҳад, фавран ба духтури занона ё табиби оилавӣ муроҷиат намояд.
- тонуси аз меъёр зиёди бачадон. Инро модар ҳис намекунад, зеро нишонаи аниқе надорад. Онро танҳо дар дастгоҳҳои ултрасадоӣ мушоҳида кардан мумкин. Дар аввали ҳомиладорӣ ин ҳолат дар бисёр занҳои бордор дида мешавад аммо бо мурури вақт нест мешавад. Агар дар моҳи 4-ум ва аз он баъд гипертонуси бачадон дида шавад, ин хатарнок аст ва боиси исқоти ҳамл гашта метавонад. Барои пешгирии чунин ҳолат доруҳои мувофиқ ба беморӣ тавсия дода мешаванд, ки аз Магний B6, Магнезия, Папаверини шамъча, Но-шпа таркиб ёфтааст. Онро табиб акушер- генеколог тавсия медиҳад.
- дидани хун. Хунравӣ дар тамоми давраи ҳомиладорӣ хатарнок аст, чӣ кам бошаду чӣ зиёд. Сар задани чунин ҳолат аз нодуруст инкишоф ёфтани рафти ҳомиладорӣ хабар медиҳад. Ворид гардидани бактерияю инфексия низ боиси рафтани хун аз узвҳои ҷинсӣ гашта метавонад. Дар ин ҳолат ҳатман ба духтурони занона муроҷиат кардан лозим аст.
Баъд аз ҳафтаҳои 28-30-уми ҳомиладорӣ дардҳои зоиш пайдо шудан мегиранд. Ин дарҳо барои тайёр шудани бачадони зан ба таваллуд кӯмак мекунанд, вале дард набояд дарозмуддат бошад. Вақте ки дард бошиддат ва дурудароз мешавад, ҳатман назди духтур рафтан лозим аст, зеро хатари таваллуди бармаҳали тифл ба миён омада метавонад.
Тибби муосир барои пешгирии исқоти ҳамл роҳҳои гуногунро таҷриба кардааст ва зиёдашон мусбӣ меанҷоманд, аммо эҳтиёт кардани зани ҳомила ва риояи тавсияҳои духтур дар чунин ҳолатҳо ниҳоят муҳим аст.
Модаршавнада ва атрофиёни зани бордор барои ба дунё омадани кӯдаки солим муваззафанд, бинобар ин, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини сар задани хатари исқоти ҳамл ё таваллуди бармаҳали тифл бояд зани ҳомиларо фавран ба духтур баранд.