arzon replenishment
РОҲҲОИ ИНТИХОБИ ҲАМСАР
3429

Издивоҷ амри муҳим ва созандаест, ки муносибати дӯстонаву хеширо байни ду оилаи бегона ба вуҷуд меорад.

“Эҳтиёт - ними ҳаёт” ва чанд мақолу зарбулмасали дигар ишора ба он мекунад, ки дар интихоби зан ҳар як нафар бояд саросемагӣ накунад, зеро саросемагиро “амали шайтон” гуфтаанд. Ҷонибҳо бояд ядигарро хуб омӯзанду аз рафтор, муносибат, саломатӣ, эътиқод ва маърифатнокии ҳамдигар огоҳ шаванд, то дар оянда зидагии онҳо вайрон нашавад.

Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с.в.с.) дар яке аз ҳадисҳояшон гуфтааст: “Зан бо эътибори чаҳор сифат ва хислат ба ҳамсарӣ қабул карда мешавад: бо эътибори сарватмандӣ, обрӯмандӣ, ҳусну зебоӣ ва диндорӣ. Зани худотарсу боимон ва диндорро интихоб кунед, то баракат ёбед”. (Ривоти Имом Бухорӣ ва Имом Муслим).

Дар ҳақиқат ҳамсаре, ки бо имону худотарс бошад чӣ будани ҳурмату муносибат бо ҳамсар ва хонаводаи ӯро нағз медонаду талош мекунад, то зиндагиаш хуб бошад. Ҳамсари хубу мувофиқ, бо имону босавод зиндагиро ба оромишу осоиш табдил медиҳад. Бояд қайд кард, ки барои интихоби ҳамсар ҷавонон озоданд, зеро ҳам дини ислом ва ҳам давлат ин озодиро таъмин мекунад.

Профессор Хуррам Раҳимзода дар китоби “Маърифати оиладорӣ” (барои хонандагони синфи 9) гуфтааст: дар инсон се ҳусн аст: ҳусни табиӣ, ки он неъматҳои Худованд чун чашм, рӯй, абруй, даст, пой ва дигар аъзои бадани одамизодро дарбар мегирад; ҳусни сохта, ки онро худи инсон ба воситаи либос, пойафзол ва дигар ороишот месозанд; ҳусни маънавӣ, ки ба он хислат, муносибат, рафтор, гуфтор ва таълиму таърбияи шахс ворид мешавад.

Аз рӯи ин андешаи муҳаққиқ мо афзалиятро ба усни сеюм медиҳем, зеро категорияи аввалро Худованд ба ҳамаи бандагонаш ато мекунад. Категорияи дуюмро баъзеҳо месозанд, то дар назари омма зебо намудор шаванд, вале мутааллиқ ба категорияи сеюм кам касонанд.

Интихоби ҳамсар мушкилтарин кор барои ҷавонписар ва ҳам ҷавондухтар аст, зеро зиндагӣ ин матои бозор ё пойафзол нест, ки ҳар рӯз навашро харем, балки ин иборат аст зиндагии инсон аст, ки як бор ба ӯ дода мешавад. Агар интихоби дуруст кардем хушбахтӣ насибамон хоҳад шуд ва агар не, пас дар мушкилиҳои зиёд дар мемонем.

Дар китоби “Рисолаи ақди никоҳ” дар мавриди интихоби ҳамсар омадааст: “бояд ихтиёр кунад мард, пеш аз ҳама, зани порсо ва диндорро, зеро зани солеҳа ва некӯкор беҳтарин матои дунёст. Бо сабаби чунин зан мард аз тадбири манзил, шуғули пӯхту дӯхт ва рӯфтану шустан озод гардида, барои ҳосил намудани илму маърифат ва ба ҷо овардани тоату ибодат вақт пайдо мекунад. Пас, зани солиҳа аз ин ҷиҳат ёридиҳанда аст”.

Дар як ҳадиси дигари ҳазрати Муҳаммад (с.в.с.) омадааст: “ҳар касе никоҳ кунад занеро барои молу ҷамолаш ҳаром аст моли ӯ ва ҷамоли ӯ барои он кас ва ҳар касе никоҳ кунад занеро барои динаш соҳиби рӯзӣ мегардонад Аллоҳ барои он кас моли ӯро ва ҷамоли ӯро”. Талаб кунад мард занеро, ки дар молу иззат ва ҳурмат пасттар аз ӯ бошад, зеро нисбат ба мард пасттар будани зан дар ин сифатҳо сабаб аст бар саломат мондани ӯ аз фитна. Ихтиёр кунад мард зани соҳибаҷамолеро, ки аслу насаби паст дошта бошад ва нахоҳад занеро барои обрӯ ва молу ҷамолаш, зеро агар он занро танҳо барои обрӯяш никоҳ кунад, хору зор мегардад ва агар барои молу ҷамолаш никоҳ кунад, фақиру муҳтоҷ мешавад”.

Воқеан, аз таҷрибаҳо медонем зане, ки дар сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби ҳусну ҷамол ва обрӯву мол баланд бошад мардро эҳтиром намекунад ва ҳамеша аз зиндагӣ норизо мебошаду аз мард талаби зиёд мекунад ё билохира зиндагии онҳо вайрон мешавад. Пайғамбарамон дар ҳадиси дигаре мефармояд: “муборак будани зан ин аст, ки осон шавад хостани ӯ ва осон шавад маҳри ӯ ва осон шавад фарзанд кардани ӯ (киноя аз тез ҳомиладор шудани ӯ)”.

Ба ҳамин хотир аз падару модарон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ин амри хайр барои хушбахтии фарзандонашон барои онҳо ҳамсари дуруст интихоб кунанд, то баъдан ҳаёти фарзанд зери хатар қарор нагираду пас аз чанде зиндагиашон вайрон нашавад. Ҳангоми хостгорӣ он нуқсу нозукиҳои ҳам духтару ҳам писар бояд пурра баррасӣ карда шавад, чун саломатӣ, ҳунармандӣ ва дигар масъалаҳо оид ба зиндагӣ. Ҳамзамон, ризоияти тарафайн бояд бошад, зеро яке аз рукнҳои асосӣ дар никоҳи исломӣ ин ризоияти тарафайн аст.

Дар модаи 12 - и Кодекси оила омадааст: “Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва сини никоҳӣ доштани онҳо зарур аст”. Дар ҳоле, ки ҷавонписар ва ҷавондухтар барои ақди никоҳ маҷбур карда шаванд, дар зиндагӣ якдигарро дӯст дошта наметавонанд. Дар ин ҳолат аксар вақт зиндагии онҳо вайрон шуда, ҳаёти фарзандон месӯзад. Барои гунаҳкор наҳисобидани ҳар нафар ҳанӯз аз аввали кор ҳамсарро дуруст бояд интихоб намуд, то фарзандон дар ҳаёт хушбахт бошанд, зеро шоир гуфтааст:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД