Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошт ва ҷарима шудани як ронандаи ”Тайота –Прадо” хабар додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ кинои бе пул нишон дода, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст.
Дар наворе, ки дар сомонаи ин ниҳод пахш гаштааст, дида мешавад, ки ду ҷавон берун аз автомашина дар ду бари мошине, ки дар ҳоли ҳаракат кардан қарор дорад, рост истода, дар навои мусиқӣ мерақсанд. Ронанда ба ҷойи он ки мошинро нигоҳ ва мусофиронро аз ин амал боздорад, дар хатар будани ҷони ин ҷавононро дидаву дониста, бепарвоёна мошин меронад ва воситаи нақлиётро бо дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаркат дар роҳ идора карда, бо ин амали худ ҳаёти дигаронро дар хатар гузоштааст.
Пас аз таҳқиқи навор аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян гардид, ки ронандаи Прадо Салимҷон Ғоибов ҳангоми иштирок дар маросими туйи домодӣ, дар кӯчаи Ҳисорак дидаву дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ду нафар ҷавонро дар ду паҳлуи автомашинаи худ ҷойгир намуда, ҳангоми ҳаракати гурӯҳӣ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст.
Нисбати Салимҷон Ғоибов, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинати тамғаи «Тайота-Прадо” вобаста ба ҳолати мазкур, тибқи талаботи моддаи 328-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин накардани бехатарии ҳаракат протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти моддаи мазкур чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд.
Ҳамзамон нисбати ду нафар ҷавоне, ки ҳангоми ҳаракат дар ду паҳлӯи берунии автомашина ҷойгир шуда, ҷони худро дар хатар гузоштаанд, суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.