Ромиш Шералӣ, писари шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ имрӯз дар синни 54-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар бораи марги ӯ бародараш Диловар Шералӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи бародараш, Ромиш Шералӣ чанд сол боз аз бемории қалб азият мекашид ва дар беморхона табобат мегирифт. "Субҳи имрӯз ӯ аз хоб бедор шуд, бо наздикон суҳбат кард ва гуфт, ки худро хуб ҳис намекунад. Гуфт, ки каме хоб меравад. Пас аз чанд соат ӯ дар хобаш вафот кард",- мегӯяд Диловар Шералӣ.
Ӯ инчунин қайд мекунад, ки бародараш 3-юми март 54-солагии худро ҷашн гирифт.
Ромиш Шералӣ писари дуюми Лоиқ Шералӣ ва солҳои зиёд бо таҳрир ва тарроҳии китобҳо машғул буд. Вай муддати дароз дар нашриёти "Адиб" кор кардааст.