Arzon march 2024
Рогалик бо мураббо барои рӯзадорон
836


                 Маҳсулоти лозима:
3 қошуқ шакар, 200 г равғани маска, зардии 2 тухм, 2 қошуқ сметана, 300-350 г орд, 200-250 г мураббо, шакари куфта.

                   Тарзи таҳия:
Равғани маскаро дар зарфе гирифта, дар буғоби гарм мулоим кунонед. Сипас ба он шакар, зардии тухм, сметанаро илова карда, бо орд хамир омода созед. Хамирро ба 3 қисм ҷудо карда, дар яхдон 30 дақиқа нигоҳ доред. Ҳар як зуволаро ҳаҷмаш 30 см ва ғафсияш 2-3 мм тунук кунед ва ҳар як давраро ба 8 қисм буред.

Ба ҳар як порачаи буридашуда мураббо гузошта, тоб диҳед. Ба лаълии тафдон равған молида, дар он рогаликҳоро чинеду дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 20-25 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД