Ҳар як ҷавонмард орзу дорад, ки бо духтари зебо ва панҷ панҷааш ҳунар арӯсӣ кунад, то ҳамсараш ҳар рӯз барояш торту ширинӣ ва хӯрокҳои раноранг пухта, зиндагиашро ширин созад, аммо занону духтарони муосир чунон серкору серташвишанд, ки на ҳамеша барои пухтупаз кардан вақт меёбанд. Рӯфтан, шустан, дӯхтан, парасторию нигоҳубини кӯдакон ва бар замми ин, масъулиятҳои корӣ. Магар ин ҳамаро саришта кардан сон аст?! Доштани ёрдамчии хубе, ки ақаллан нисфи кору бори хонаро ба сомон расонад, орзуи ҳар як зан аст.
Инак, орзуи хонумҳо ҷомаи амал пӯшид! Дар намоишгоҳи CES 2021 ширкати Moley Robotics роботеро пешниҳод кардааст, ки ҳатто аз зани боҳунартарин ҳам беҳтар хӯрок мепазад. Ин роботи чаққон ду даст дорад ва ба гуфтаи ихтирокоронаш ба ҳаракатҳои инсон дақиқ тақлид намуда, хӯрок мепазад, бар замми ин, ошхонаро ҳам хеле хуб тамиз мекунад. Дастгоҳ қодир аст, ки мусақилона маҳсулоти заруриро аз раф гирфта, шӯяд, майда кунад, бирён кунад, ҷӯшонад ё пазад. Мабодо дар вақти пухтупаз равған, томат ё чизи дигар резад, робот дарҳл онро тоза мекунад. Роботи тозакор зарфҳоро ҳам шуста ҷо ба ҷо мекунад.
Ногуфта намонад, ки дар хотираи робот беш аз панҷ ҳазор редсепти хӯрок мавҷуд аст ва бар замми ин, шахсе, ки онро истифода мебарад, метавонад хӯрокҳои дӯстдоштаи худ ва аҳли оилаашро илова намояд. Ихтирокорони ин роботи ҳунарманд ваъда ддаанд, ки агар ғизоҳои маҷҷуда ба дили истифодабарандагон зананд, метавонанд моҳе як маротиба китоби хӯрокҳоро иваз намуда, ба он ғизоҳои нав ба навро ворид созанд. Арзиши ин роботи панҷ панҷааш ҳунар аз 30 то 55 ҳазор фунт стерлинг (40,8 ҳазор - 74,8 ҳазор доллар) будааст.
Беҳуда нагуфтаанд: Пул бошад, дар ҷангал ҳам шӯрбо ёфт мешавад!