goodwell
Рекорди зани 97-сола
15.08.2026
Oila.tj
85

Бетти Бромаҷ, сокини шаҳри Челтенҳеми Британияи Кабир дар синни 97-солагӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ пиронсолтарин зане гардид, ки ҳангоми парвози ҳавопаймо рӯйи боли он истодааст.

Ин аллакай шашумин намоиши ҷасуронаи ӯ дар даҳ соли охир мебошад. Бромаҷ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси бехатарӣ рӯи боли як ҳавопаймои дуқабата баромад. Ҳавопаймо дар ҷараёни парвоз манёврҳои душвор, аз ҷумла ҳалқаи ҳавоӣ ва гардишҳоро иҷро мекард.

Ҷолиб он аст, ки моҳи августи соли 2025 Бетти сактаи мағзиро аз сар гузаронда буд. Бо вуҷуди ин, ӯ дубора дар ин парвоз иштирок кард, то барои беморхонаи шаҳри Челтенҳем, ки дар он ҷо табобат гирифта буд, маблағ ҷамъ оварад. Маблағи ҷамъшуда барои хариди таҷҳизоти нави тиббӣ истифода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД