“Ҳора” рақси миллии яҳудиён буда, дар баробари таърихи қадима доштанаш, хатарнок низ мебошад. Тӯйи ягон яҳудӣ бе рақси “Ҳора” ба анҷом намерасад.
Хатарнокии рақс дар он аст, ки ҳозирин арӯсу домодро бо курсиҳояшон ба ҳаво мебардоранду рақс мекунанд. То кунун чандин ҳолати аз баландӣ афтидани навхонадорон ба қайд гирифта шудааст. Феълан дар саросари ҷаҳон наздики 14 миллион яҳудӣ зиндагӣ мекунанд. Бо онҳо зиёдтар дар Исроил, Амрико, Фаронса, Канада, Британияи Кабир, Русия, Аргентина, Олмон, Австралия ва Бразилия вохӯрдан мумкин аст.