Arzon march 2024
Рақосса додарамро ҷоду кард
24.04.2022
Оила
1837

Мо дар оила се фарзанд ҳастем, ду духтару як писар. Волидонам моро эркаву серу пур ба воя расониданд. Ман ба шавҳар баромада, соҳиби фарзанду оилаи обод ҳастам.

Ду сол қабл корҳои падарам бад шуданду дар зиндагиямон мушкилиҳо сар задан гирифтанд. Дар ин шабу рӯз додарам дар синфи 11 таҳсил мекард. Аҳволи волидонамро дида, додарам, ки дар ин шабу рӯз ба донишгоҳ дохил шуда буд, дар як тарабхона ба ҳайси пешхизмат ба кор даромад. Мақсад дошт, ки то сар шудани дарсҳояш кор карда, ақаллан сару либоси худашро харида тавонад.

Дар аввал Зокир тамоми маоши гирифтаашро оварда, ба дасти модарам медоду дар киса фақат роҳпулӣ мегирифт. Зиндагиямон рӯ ба беҳбудӣ меовард, модарам пулҳои додарамро ҷамъ мекард. Вале дар ин миён додарам ҳангоми кор дар тарабхона бо рақоссае шинос шуда, тамоман тағйир ёфт. Дар аввал кам-кам шабҳо дер меомадагӣ шуд, баъдан тамоман ба хона намеомад. Дигар аз он додари қобилу гапдарои мо ному нишон намонд.

Намедонам додарам банг мекашад ё арақ менӯшад, ки аз дидани ҳоли зораш ҷигарам хун мегардад. Панду насиҳат фоида надорад, додарам барои мо тамоман бегона шудааст. Дар бораи он духтари раққоса пурсуҷӯ карда фаҳмидем, ки як бероҳа асту боз аз додарам чанд сол калон ҳам будааст. Модарам аз рафтору кирдори яккаписари нозпарвардаш касалӣ шуда, ба бистарӣ беморӣ афтидааст. Нафароне, ки аз зиндагии мо бохабаранд, гуфтанд, ки рақосса додарамро бо илму ҷоду аз худ кардааст. Хешу ақрабо ва ҳамсояҳо ба модарам тавсия доданд, ки ягон касро ёфта, хонаву дарамонро тоза кунем.

Аслан модарам дар умраш бо чунин корҳо машғул нашудааст, вале ба хотири фарзанд нафареро ёфта, ба хона овард. Он зан дар дами дари хонаамон истода, ба мо фармон дод, ки рафта, аз фалон ҷои хонаатон аксҳову хоку намаки пинҳонкардаро гирифта биёред. Вақте ба гуфтаи он зан амал кардем, дар ҳақиқат аз хонаамон чанд акси падару модарамро ёфтем, ки бо сӯзан сӯрох карда шуда буданд.
Маълум шуд, ки додарамро ҷоду кардаанд ва модарам ӯро маҷбуран 2-3 маротиба дар назди муллое хонда, ба қавле аз илму ҷоду тоза карданд. Чанд муддат додарам ба худ омад, вале боз ба ҳамон аҳмади қадима мубаддал гашт. Дигар додарамро ба асли пештара баргардонида наметавонем.


Падарам низ аз асабонияту фикри писараш ду бор сактаи дилро аз сар гузарониданд. Зокир тамоми чизу чораи хонаамонро бурда мефурӯшад, ҳатто пойафзоли нави падарамро ҳам бурдааст. Аз донишгоҳ низ ӯро барои ба дарс нарафтанаш кайҳо хориҷ кардаанд. Беҳуда намегуфтаанд, ки “фарзанди бад доғи падар”, волидони бечораам аз шарми писарашон дардманд шудаанду дар назди хешу ақрабо сар бардошта наметавонанд.
Аксарият ба мо маслиҳат меҳиданд, ки ҳарчӣ зудтар додарамро оиладор кунем, шояд ақлаш ба сар зада, аз паси зиндагӣ шавад. Гап сари он аст, ки волидонам пули калон қарздор шудаанду айни ҳол имкони оиладор кардани додарамро надоранд. Дилам ба ҳоли волидонам месӯзад, вале аз дасти мани муштипар коре намеояд. Метарсам, ки агар чунин давом кардан гирад, фалокате дар хонадонамон сар мезанад.


Хонандаи гиромӣ, аз шумо хоҳиш дорам, маслиҳати худро аз мо дараеғ надоред. Айни замон оилаи мо дар давраи хеле душвор қарор дорад ва ҳар як тавсияву дастгирии шумо барои мо хеле муҳим аст.
Манижа

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД