goodwell
Рақобати футболбозони тоҷик бо тими Тайланд бо ғалабаи кӣ анҷом меёбад?
17.11.2026
Оила
66

Рақобати футболбозони тоҷик бо тими Тайланд бо ғалабаи кӣ анҷом меёбад?

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дар даври ниҳоии Ҷоми подшоҳӣ (King’s Cup 2026) шоми имрӯз, 17-уми ноябр бо тими Тайланд рақобат хоҳад кард.
Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор гашта, бозӣ соати 19. 30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ёдрас мешавем, ки футболбозони тоҷик барои баромадан ба финали Ҷоми подшоҳии Тайланд бо дастаи Уммон рақобат намуда, ҳарифони худро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буданд. Тайланд дар даври нимниҳоӣ бар дастаи миллии Бруней бо ҳисоби бузурги 6:0 ғолиб омад.

Дастаи мунтахаби Тайланд дар раддабандии феълии ФИФА дар мақоми 93-юм қарор дошта, 7 зина аз Тоҷикистон болотар аст. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ барои қаҳрамони дар мусобиқаи мазкур ғолибро дар силсилаи зарбаҳои 11-метар муайян мекунанд.
Ба фикри шумо дар рақобат байни тимҳои Тоҷикистон ва тайланг кадом даста пирӯз мегардад? Фикру андешаҳои худро дар шаҳри мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД