Салом! Замира ҳастам, ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе. Ман дар курси сеюми донишгоҳ таҳсил мекунам. Як ҳамсабақамро дӯст медоштам. Соли гузашта мо бо ишқу муҳаббат ва тӯю тамошо оила барпо намудем.
Айни замон дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ қарор дорам ва Худо хоҳад, рӯзҳои наздик фарзанди аввалинамро ба дунё меорам. Мехоҳам ҳаётамро ба илм бахшида, пас аз хатми донишгоҳ таҳсиламро дар аспирантура идома диҳам, аз ҳамин сабаб, ба шӯъбаи ғоибона гузаштан ё як сол аз таҳсил дур мондан намехоҳам.
Фаҳмидан мехостам, ки агар ба кӯдакам шири сунъӣ диҳам, ба саломатиаш зарар намекарда бошад?
Замира, ш. Душанбе.
Барои посух гирифтан ба ин саволи хонандаамон мо ба мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи Маркази миллии солимии репродуктивӣ Раъно Кӯлобиева муроҷиат намудем.
-Раънохон, имрӯз иддае аз занон ба хотири аз таҳсил дур намондан ё зудтар ба кор баромада, зиндагии худро таъмин намудан тифли навзодашонро аз рӯзҳои аввалини ҳаёт ба шири сунъӣ мегузаронанд. Мегуфтед, ки ин ба саломатии тифли навзод зарар надорад?
-Ман ҳамчун табиб ба тамоми занон тавсия медиҳам, ки баҳонаҷӯӣ накарда, ба фарзандашон танҳо шири худро диҳанд, чунки ягон шири дигар ҷойи шири модарро гирифта наметавонад. Пас аз ба дунё овардани тифл дар лаҳзаҳои аввалини ҳаёти навзод зан бояд фарзандашро ҳатман сина маконад, зеро моддаҳои ғизоие, ки дар таркиби фаллашири модар мавҷуданд, барои саломатии кӯдак ниҳоят фоиданок буда, ба пурқувват гаштани системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитети кӯдак ёрӣ мерасонад.
-Аммо баъзе занҳо дар рӯзҳои аввали баъди таваллуд ҳанӯз шир надоранд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
-Шир надоштан фақат як баҳонаи хушку холӣ аст. Табиат занро чунин офаридааст, ки ҳамеша барои фарзанди навзодаш дар пистони ӯ шир ёфт мешавад, аммо мушкил дар он аст, ки модарони ҷавони бори аввал фарзанд ба дунё оварда ҳанӯз таҷрибаи синамаконӣ надоранд. Ҳамаи тифлакон табиатан бо рефлекси ҷустуҷӯи пистони модар ба дунё меоянд, вале вақте модар намедонад, ки барои синамаконӣ тифлро чӣ хел ҷойгир кардан лозим аст, пистонашро дуруст ба даҳони кӯдак гузошта наметавонад. Албатта дар ин ҳолат кӯдак ширро аз пистони модар кашида гирифта наметавонад ва ҳам тифл азоб мекашаду ҳам модараш. Заноне, ки бори аввал фарзанд ба дунё меоранд, агар аз момодояҳо ва ҳамшираҳои шафқат кӯмак хоста, тарзи дурусти синамакониро ёд гиранд, шир худ аз худ пайдо шуда, бо ҳар синамаконӣ бештар шудан мегирад.
-Шумо гуфтед, ки шири модар барои саломатии тифли навзод ниҳоят муфид аст. Фоиданокии он дар чӣ зуҳур меёбад?
-Бори дигар такрор мекунам, ки барои кӯдак аз шири модар дида, ғизои муфидтар дар тамоми дунё ёфт намешавад. Дар таркиби шири модар аминокислотаҳо, сафедаҳо, иммуноглобулин, калсий, фосфор, оҳан, антителаҳо ва дигар моддаҳои муфиде, ки ба ҳосилшавии эритроситу лейкоситҳо ва инкишофи дурусти ҷисмонию равонии тифл ёрӣ мерасонанд, хеле зиёд буда, кӯдакро аз бисёр касалиҳо эмин медорад. Дар давраи ним соли аввали ҳаёт барои талаботи организми кӯдакро ба тамоми моддаҳои ғизоӣ 100% таъмин намудан фақат шири модар басанда аст.
-Мегӯянд, ки хӯрдани шири модар кӯдаконро аз бемории дарунрав муҳофизат мекунад. Рост аст?
-Дар ҳақиқат антителаҳое, ки дар таркиби шири модар мавҷуданд, кӯдаконро аз бисёр касалиҳо, махсусан касалиҳои сироятӣ, дарунрав ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин медоранд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ хатари гирифторшавӣ ба касалиҳои вазнин дар кӯдакони то яксолае, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, нисбат ба тифлаконе, ки танҳо шири модар мехӯранд, 14 маротиба бештар аст.
-Баъзеҳо мегӯянд, кӯдакони бо шири модар калоншуда нисбат ба дигар ҳамсолонашон боақлтару донотаранд. Андешаи шуморо дар ин бора донистан мехостем?
-Дар ҳақиқат шири модар натанҳо барои саломатӣ ва рушди ҷисмонии тифлакон зарур аст, балки ба инкишофёбии майнаи сар ва зеҳни кӯдак низ таъсири хубе мерасонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дараҷаи шуурнокии кӯдаконе, ки бо шири модар ба воя расидаанд, нисбат ба дигар ҳамсолонашон, ки шири сунъӣ хӯрдаанд, баландтар буда, қобилиятҳои аҷиби эҷодӣ ва фикрронӣ доранд.
-Тифли навзодро аз шири модар маҳрум намуда, ба шири сунъӣ гузаронидан чӣ оқибатҳо дошта метавонад?
-Маҳрум намудани кӯдак аз шири модар боиси вайроншавии раванди инкишофи системаи мушшаку устухонҳо, нодуруст назм гирифтани набзи дил, суст шудани афзоиши майнаи сар гашта, хатари гирифтор шудан ба касалиҳои сироятии рӯдаю меъда ва роҳҳои нафасро афзун месозад, бинобар ин, ман ҳамчун табиб ба занон маслиҳат медиҳам, ки ба фарзандашон танҳо шири худро диҳанд. Фақат пас аз шашмоҳа шудани кӯдак кам-кам ба ӯ ғизоҳои иловагӣ додан мумкин аст.
-Баъзе занон ба хотири зебоии худ аз шир додани фарзандашон даст мекашанд...?
-Ин корро ҳаргиз кардан лозим нест, чунки рисолати азалии зан ба дунё овардани фарзанд, шир додану калон кардани кӯдакон ва идома додани насли одамизод мебошад. Ба фарзандаш шир дода, зан ба худаш низ некӣ мекунад, чунки синамаконӣ ба саломатии занон бисёр фоида дорад. Синамаконӣ ба кашишхӯрии бачадон мусоидат намуда, хатари хунравиро пешгирӣ мекунад. Додани шири худ ба фарзанд меҳри модарро нисбат ба кӯдакаш афзунтар гардонда, ҳамзамон хатари ба бемориҳои ғадуди ширӣ-мастодонит ва мастопатия гирифтор шудани занро ба маротиб камтар мекунад. Синамаконӣ метавонад ҳатто саратони синаро пешгирӣ намояд.
-Маслиҳати шумо ба Замира ва дигар модарони ҷавоне, ки таҳсил мекунанд ё коргар ҳастанд?
-Ман ба Замирахон ва дигар занони ҷавоне, ки бори аввал фарзанд ба дунё меоранд,
5 маслиҳати муфид медиҳам.
Якум: мувофиқи қонун дар Тоҷикистони мо тамоми заноне, ки фарзанд ба дунё меоранд, ба гирифтани рухсатии пардохтшаванда дар ҳаҷми 140 рӯзи тақвимӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва пас аз таваллуд ҳуқуқ доранд. Метавонанд аз ин ҳуқуқи худ бемалол истифода баранд.
Дуюм: Занони коргаре, ки фарзанди ширхораи то яксолаву шашмоҳа доранд, дар сурати пеш аз муҳлат ба кор баромадан ё ба дарс рафтан, ба онҳо дар ҳар се соат 30 дақиқа танаффус барои ғизодиҳии кӯдак ҷудо карда мешавад. Манзили зисти зан, агар ба корхона ё макони таҳсилаш наздик бошад, ба хона рафта, шиками фарзандашро сер карда метавонад.Чунин имконият набошад, модар метавонад шири худро ҷӯшида, ба кӯдакаш фиристад, бинобар ин, таҳсил ё кор набояд монеи додани шири модар ба кӯдак гардад.
Сеюм: Дар лаҳзаҳои аввалини пас аз таваллуд ҳатман ба тифлаки худ сина диҳанд, зеро фаллашири модар ба кӯдак фоидаи зиёд дорад.
Чорум: Бо баҳонаи шир надоштан пас аз таваллуд кардан аз синамаконӣ даст накашанд, чунки макондани кӯдак ба кашишхӯрии бачадон мусоидат намуда, хатари хунрав шудани занро пешгирӣ менамояд.
Панҷум: Имкон бошад, то дусолагӣ ба фарзандашон шири сина диҳанд, зеро синамаконӣ ҳам барои саломатию рушди ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдак фоиданок аст ва ҳам занро аз бисёр касалиҳо, аз ҷумла мастодонит, мастопатия, саратони бачадон ва саратони сина эмин медорад.
-Барои маълумот ва маслиҳатҳои судманд як ҷаҳон ташаккур!