arzon replenishment
Раис будам, гадо шудам. Додамро ба кӣ гӯям!(қисми2)
08.11.2019
Дилошӯб
2034

(Идомааш)

Фасли тобистон, ки гузашт, шумораи мизоҷонаш дар осоишгоҳ кам мешуданд ва Ниҳол худашро орою торо дода ба роҳи калон ба шикори мард мебаромад. Вай мошинҳои хориҷии сиёҳшишаи зеборо нигоҳ медошт ва бо ронандагони сарватманд шинос шуда, баъдан ба қавле аз ҳисоби онҳо “мечарид”. Сайди навбатии ин аҷалдухтар Назаралӣ гашта буд.

Доми макр

Назаралӣ Ниҳолро аз ҷойи таъйиншуда гирифта ба тарабхонаи олиҷанобе бурд. Як шаб мазаи оғӯши нарму гарми Ниҳолро чашида, раис мисли магаси дар пиёлаи ширинӣ афтида дигар раҳоӣ ёфта натавонист. Акнун Назаралӣ дар як ҳафта танҳо як ё ду шабро дар хона мегузаронду халос, дигар тамоми вақташ сарфи Ниҳол мегашт. Марди дар пирӣ ошиқшуда мехост ин духтараки аз худаш бисту ҳафт сол хурдро зани дуюм карда гирад, вале Ниҳол шарт гузошт, ки аввал барояш хона харида диҳад. Раис барои азизи дилаш чизеро дареғ намедошт ва бехабар аз найрангҳои ин зебосанами кайҳо оғӯши гарми сад мардро дида, ба номи Ниҳол хонаи чорҳуҷрагии зебое харида, билохира ӯро ба никоҳаш даровард.

Рози фошгашта

Моҳтоб аз сад фисад дигар шудани хулқу хӯйи шавҳараш фаҳмид, ки зани варо дигаре ба домаш афтонидааст ва аз пайи ёфтани рақибаш шуд. Дар ин миён Назаралӣ ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуда ба беморхона афтид ва гиреҳи розаш худ аз худ кушода шуд. Ниҳол ҳамчун “зани вафодор ” як қадам ҳам аз ӯ дур намерафт. Хиёнати шавҳараш Моҳтобро ба ғазаб оварду занак дигар пояшро ба дари беморхона намонд. Фарзандонаш низ зани дигар доштани падарашонро фаҳмида, ба хабаргирии Назаралӣ наомаданд. Ниҳол худро зани меҳрубон нишон дода, то аз беморхона баромадани шавҳараш шабҳои дарозро дар паҳлӯи Назаралӣ бо бедорхобӣ саҳар кард. Ин ғамхориҳои зани дуюмаш дили раисро чунон гарм карданд, ки баъди аз бемористон баромадан пурра ба хонаи Ниҳол кӯчид.

Ғамкушта

Моҳтоб гумон дошт, ки билохира шавҳараш аз вай узр мепурсад ва боз зиндагияшонро давом медиҳанд, аммо хаёлаш хом баромад. Назаралӣ дигар ёди зану фарзандонашро накард. Аз ин носипосии шавҳар фишори хуни зан баланд гашту пас аз се рӯзи беҳушӣ оламро падруд гуфт. Фарзандони Маҳтоби хунҷигар падарашонро ба ҷанозаи модар роҳ надоданд ва бо ҳамин баҳона Назаралӣ алоқаашро аз ҷигарбандонаш низ батамом канд.

Хонасалот

Духтурҳо ба раис маслиҳат доданд, ки дар осоишгоҳ дам гирад. Назаралӣ ҳарчанд хоҳиш намуд, ҳамсараш Ниҳол навакак аз олам гузаштани модарашро баҳона карда, аз рафтан ба осоишгоҳ саркашӣ кард ва раис ночор худаш танҳо сафар кард. 50 ҳазор долларро ба сейф гузошта, раис таъкид намуд, ки ягон тангаи ин пулҳоро сарф накунад, чунки моли корхона аст ва калидро ба дасти Ниҳол дода, аз рухсораи занаш бо меҳр бӯсиду аз дар баромад.

Дарҳол баъди рафтани шавҳараш Ниҳоли маккора ба харидоре, ки кайҳо ёфта буд, занг зада талаб кард, ки пули хонаро биёрад. Хонаро бо тамоми молу амволаш фурӯхта дар бадали ду рӯз вай тамоми ҳуҷҷатҳоро ба расмият даровард ва бар замми пули хона боз 50 ҳазор доллари дар сейф бударо низ гирифта аз шаҳр ғайб зад.

Ашки пушаймонӣ

Назаралӣ роҳхати якмоҳа гирифта буд, то фориғ аз ташвишҳои зиндагӣ каме роҳат кунад, вале телефонро набардоштани ҳамсараш Ниҳол ӯро ба ташвиш оварда, бист рӯз пас роҳи хонаро пеш гирифт. Раҳораҳ меандешид, ки Ниҳол даҳ рӯзи аввал тез-тез ба вай занг зада бо меҳр соатҳо суҳбат мекард, чаро акнун телефонро намебардорад. Банди фикру хаёл чи хел ба пушти дари хонаи Ниҳол расиданашро нафаҳмида монд. Зангро бо лабони пуртабассум пахш карда пайдо шудани чеҳраи зебои нозанинашро дар остона интизор шуд, вале дарро ба рӯяш марди бегонае кушод. Назаралӣ кӣ будани ӯро пурсид.


Бечора кампиракам аз ғами фарзанд бемор шудааст. Кораш шабу рӯз дар рӯйи бистари беморӣ гиря кардан аст.

 


-Ман ин хонаро як ҳафта пеш аз Малика ном бону харидам,-бепарвоёна ҷавоб дод мард.

Назаралӣ ба доми зани қаллоб афтиданашро акнун фаҳмида, шармандавор аз пушти дари хонаи бо пули худаш харида баргашт.

Қариб шаш моҳ вай хуни ҷигар шуда Ниҳолро кофт, вале ҷустуҷӯҳояш бенатиҷа анҷом ёфтанд. Ниҳол-Маликаро гӯё замин фурӯ бурда буд, ки изи пояшро дар ҳеҷ куҷо пайдо карда натавонист. Акнун раиси хонасалот шуда дар корхонааш зиндагӣ мекунад ва ба он рӯзе, ки ҳаваси оғӯши духтараки ҷавон кард, ҳазорон лаънат мехонад.

Зебунисои Эраҷ, ноҳияи Панҷ

                                                  Таснифи Дилошӯб      

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД