Рафаел Гулов, яке аз муваффақтарин блогерони тоҷик аст, ки чанд соли охир дар радаи аввал қарор дорад.
Ӯ дар Инстаграм ва Ютуб саҳифа дошта, бо чеҳраҳои муваффақ суҳбат мекунад, аз маконҳои зебоманзари кишвар навор нашр мекунад, наворҳои тарбиявию ҳаҷвӣ пахш мекунад ва дар “сториз”-ҳояш аз рӯзгори ҳаррӯзааш ба обуначиҳояш нақл мекунад. Ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 358 ҳазор нафар пайгири Рафаел буда, шумораи тамошои наворҳояш марзи миллионҳоро убур кардааст. Бо вуҷуди он ки ин шумора барои тоҷикистониёну тоҷикзабонон рақами кам нест, вале Рафаел бемори “ситорагӣ” нашудааст. Ба зангҳо, ба смс-паёмакҳо, ба шарҳҳо ҷавоб медиҳад.
Ба боварӣ метавон гуфт, ки маҳсули эҷоди Рафаел Гулов ба аудиторияаш писанд аст ва бо ин сабаб ӯро чанд соли охир дар “ТОП” нигоҳ медоранд. Дақиқан, блогерон дар фазои маҷозӣ як машҳур мешаванду боз ба қавле аз муд мемонанд, аммо Рафаел аз аввали фаъолияташ дар радаи аввал аст ва мақомашро рӯз аз рӯз беҳтар мекунад.
Фикр мекунем, барои бештари обуначиҳояш, ки ӯро мудом пайгирӣ мекунанд, чӣ гуна зиндагӣ доштани ӯ пеш аз машҳуршавиаш шавқовар аст. Дар асл, Рафаел Гулов хатмкардаи факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтисос муаллими забони русӣ мебошад.
Мутахассиси забони русӣ шуданро интихоб карда бошад ҳам, ӯ ҳанӯз дар вақти мактабхонӣ мехост ровӣ бошад. Дар як суҳбат ба мо чунин гуфт:
- Дар овони мактабхонӣ ман ҳамеша ҳамчун ровӣ дар чорабиниҳои мактаб иштирок мекардам. Соли 2012 дар синфи 11-умӣ як рӯз муаллимаам ба ман гуфтанд, ки дар Телевизиони “Баҳористон” барои дарёфти чеҳраҳои нав озмун рафта истодааст, хуб мешавад агар худатро як маротиба дар он ҷо бисанҷӣ. Қисса кӯтоҳ, дар озмуни “Баҳористон” иштирок кардам. Аз се даври он бомуваффақият гузаштам ва аз миёни тақрибан 400 нафар танҳо 3 нафар ба кор қабул шуданд, ки яке аз онҳо ман будам.
Рафаел дар телевизион чанд сол фаъолият кард ва то андозае ба бинандагони Телевизиони “Баҳористон” шинос шуд. Вақте ки дар фазои маҷозии тоҷикӣ блогерон пайдо мешуданд ва ҳар гуна наворҳо таҳия мекарданд, Рафаел тасмим гирифт, ки метавонад кори блогериро хуб ба роҳ монад. Ҳамин тавр, аз телевизион ба блогинг гузашт ва дар як муддати муайян хеле машҳур шуд.
Рафаел, бисёр таҳаммулпазир аст, зеро дар баробари танқидҳои беасоси корбарони фазои маҷозӣ, то имрӯз истодагарӣ мекунад, аз роҳаш намегардад, корашро дӯст медорад, барои обуначиҳояш пайваста маҳсули эҷоди босифат пахш мекунад, худашро такмил медиҳад, аз дигарон пайваста меомӯзад ва ба ин дунёву мардум бо чашми дӯстӣ менигарад.